Ташвиқоту тарғибот дар минтақаҳои кӯҳистон

[:tj]Шаҳри Панҷакент 14 ҷамоати шаҳраку деҳотро муттаҳид менамояд ва  қисмати бузурги ҳудуди онро кўҳистон ташкил медиҳад. Як миқдори муайяни деҳаҳо аз шаҳр дар масофаи дур ҷойгиранд ва ба назар чунин менамояд, ки  то андозае аз олам ҷудо шуда мондаанд. Маҳз бо назардошти ин, бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр тасмим гирифт, ки давоми моҳҳои июн – июл асосан дар минтақаҳои дурдасти кўҳистон корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намояд.

– Барои марҳилаи аввал ҷамоатҳои деҳоти Шинг, Моғиён ва Фароб интихоб шудаанд,- мегўяд мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Фирдавс Умаров. – Албатта, барои ба ҳар як деҳа рафтану чорабинӣ гузаронидан имкон надорем. Бинобар ин, аз рўи нақша чорабиниҳо асосан дар маркази ҷамоатҳо бо ҷалби сокинони деҳот доир мешаванд. Ҳамзамон дар як ҷой сарҷамъ намудани сокинони чанд деҳаи ба ҳамдигар наздик назардошт шудааст. Мулоқоти нахустин  бо аҳолӣ санаи 18 июн доир мешавад.

 

                                                                      Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                    дар шаҳр Панҷакент

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо