Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикистониҳои вилояти Новосибирск «Дружба» хеле фаъол аст

[:tj] 

Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикистониҳои вилояти Новосибирски ФР «Дружба» солҳои зиёдест, ки дар қаламрави вилоят ва гирду атрофи он асосан дар навбати аввал ба кумаку дастгирии ҳамватанон саҳми беназир дорад. Ҷамъият дар ҳамбастагӣ бо намояндаҳои расмиии Ватани азизамон баҳри дастгириву хизмати халқ ва ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолияти худро анҷом медиҳад.
Тавре аз раёсати ҷамъияти минтақавии тоҷикони вилояти Новосибирск «Дружба» иттилоъ доданд, ҷамъияти тоҷикон ҳамасола ҷашнвораҳои таърихиву фарҳангӣ ва маъракаҳои сиёсиро дар мувофиқа бо мақомотҳои минтақавӣ, дар сатҳи баланди давлатӣ мегузаронад, ки маҳз дар ин чорабиниҳову маъракаҳо аз ҳар гўшаҳои кишвари Россия ва ҳатто аз Тоҷикистони азизамон барои ширкат меоянд. Дар ин самт ҳиссаи беҳамтои мутахассиси пешбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибир Шералӣ Нуридинов калон мебошад.

Номбурда аз моҳи сентябри соли 2018 инҷониб дар минтақаи Сибир кору фаъолияти худро оғоз карда, аллакай дар ин муддати кутоҳ дар дилу дидаҳои ҳамватанон барои хизматҳои содиқона, ғамхору ғамшарики муҳоҷирон будан, худро ҷойгир кардааст. Дар ҳақиқат Шералӣ Нуридинов худро як ҷавонмарди хоксору ростқавл ва ба кори худ қатъӣ нишон дод. Дар ҳамаи чорабиниҳои ҷамъият ў бевосита иштирок намуда, ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик оид ба кору фаъолият дар давлати будубош пурсон шуда, онҳоро ҳамарўза барои риояи қонуну эҳтироми расму оини мардуми таҳҷоӣ даъват мекунад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин замони ҳассосу ногуворе, ки тамоми дунёро фаро гирифтааст – пандемияи бемории сироятии «коронавирус» (Covid – 19), тавре огаҳем, тайи чанд муддати охир дар тамоми ҷаҳон васеъ паҳн гардида, сабаби фавти одамон низ шудааст. Дар ҳар як кишвар вобаста ба пешгирӣ аз сироятии вирус корҳои мушаххас анҷом дода мешаванд, аз ҷумла, дар Федератсияи Россия аз паҳншавӣ ва сирояти «коронавирус» низоми худиҳотакунӣ, ниқобпўшӣ ва истифодаи дастпўшакҳо, риояи қоидаҳои гигиенӣ ба роҳ монда шудааст. Маҳз, барои фаҳмонидани ин қоидаҳои беҳдоштӣ якҷоя бо фаъолони ҷамъият Шералӣ Нуридинов ба муҳоҷирон – шаҳрвандони ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҳамарўза мебарад ва бо ин роҳ онҳоро дастгирӣ менамояд ва бо ин нишон медиҳад, ки онҳо шаҳрванди давлати азизу муақаддаси Тоҷикстон мебошанд ва доим дар паҳлўи онҳо ҳаст.

Дар пайрави аз иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дастгириҳои бародарони ҳимматбаланду бонанги диёрамон, аз ҷумла ҷавонмардони саховатпеша – соҳибкорони бурунмарзӣ, аъзои бевоситаи ҷамъияти «Дружба» бародарон Раҳимҷон ва Шарафҷон Бобоҷоновҳо, Убайдулло ва Садирддин Шоевҳо ва дигар фаъолони ҷамъият дар шаҳри Новосибирск, ба роҳ монда шудааст. Бояд зикр намуд, ки ҷамъияти тоҷикон иқдоми хайриявиро дар рўзҳои аввали пайдо гардидани нишонаҳои бемории «коронавирус» (Covid-19), аз рўзҳои қатъ шудани хатсайри парвозҳо байни Тоҷикистону Россия, аз ҷумла аз рўзи 18 то 22 марти соли ҷорӣ, бо мусоидати Шералӣ Нуридинов ва роҳбарияти ҷамъият ба 115 нафар мусофирони тоҷик, ки 53 нафари онҳо аз шаҳрҳои Шарқи дуру дигар навоҳии Россия дар фурудгоҳи шаҳри Новосибирск «Толмачево» монда буданд, бо се вақт хўроки гарм ва ҷойи хоби бемузд, таъмин карда шуданд. Инчунин, ба шаҳрвандони дар қаламрави шаҳру навоҳии Новосибирск, Красноярск, Томск ва Омску Барнаул ва дигар шаҳру навоҳии ҳавзаи Сибир ва берун аз он ба роҳ монда шуд.

Дар аввал бо иқдоми ҷавонмарди бонангу номус ва саховатпеша, аъзои раёсати ҷамъият Раҳимҷон Бобоҷонов ба зиёда 600 нафар, аз ҷумла 70 нафар донишҷўёне, ки дар макотибҳои олии Россия таҳсил мекунанд, кумаки яквақтаи пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор рубли русӣ, тақсим карда шуд. Ҳамаи ин кумакҳо бо кўшишу тавсия ва дархосту иштироки бевоситаи Шералӣ Нуридинов сурат гирифтанд Дар ин рўзҳо, аъзои ҷамъият ба оилаҳои муҳоҷирони камбизоат кумаки яквақтаи хўрокворӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон, гўшт, сабзавот ва ғайра дар ду се давра дода шуд. Ин ҳама иқдомҳо аз олиҳимматии аъзои ҷамъият ва соҳибкорони бонангу номуси тоҷик мебошад.

Дар фарҷом аз номи роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Хадамоти муҳоҷират ба фаъолони ҷамъияти минтақавии тоҷикони вилояти Новосибирск «Дружба» ва корманди намояндагӣ Шералӣ Нуридинов баҳри хизмати содиқона ҷиҳати дастгирии ҳамватанон арзи сипос мегуем ва ба онҳо минбаъд дар кору фаъолияташон барору комёбӣ таманно мекунем.

 

                                                                                            Анвар ЮСУПОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо