Таъзия дар робита ба даргузашти Бердов Бахтибек

[:tj]Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даргузашти бармаҳали Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Бердов Бахтибек Худойбердиевич таъзияи амиқ изҳор менамояд.

Бердов Бахтибек Худойбердиевич дар давоми фаъолияти пурсамари худ ба ҳайси яке аз роҳбарони фаъоли ташкилоти ҷамъиятӣ ва инсони наҷибу хоксор дар самти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ, тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик миёни дигар халқияту миллатҳо ва дар рӯҳияи инсондӯстию ватанпарастӣ тарбия намудани насли наврас саҳми бозасо гузошт.
Дар ин лаҳзаҳои андӯҳгин Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллияти амиқ менамояд.

 

                                     Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат,

                                                                       муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо