Таъйин гардидани Имомзода Имомназар Аюб ба вазифаи муовини Сардори Хадамот

[:tj] 

19 январ дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират бо иштироки бевоситаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Ширин Амонзода ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳри Олимшо маҷлиси ботантана доир гардид.

Дар он як масъала баррасӣ гардида, муовини сардори Хадамот Толиб Шарипов бо сабаби ба сини нафаќа расиданаш аз вазифаи муовини Сардор озод гардида, муовини навтаъин муаррифӣ шуд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Ширин Амонзода ба Толиб Шарипов барои меҳнати пурмаҳсулаш дар Хадамоти муҳоҷират изҳори сипос намуда, барои хизматҳои шоёнаш  «Сипоснома» – и вазоратро супорид.

Сипас, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳри Олимшо муовини навтаъини сардори Хадамоти муҳоҷират Имомзода Имомназар Аюбро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, дар фаъолияти пурмасъули минбаъдаашон муваффаќият ва будбориҳо таманно намуд.

Дар фарҷом Ширин Амонзода ба кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе барои боз ҳам пурмаҳсул фаъолият намудан роҳандозӣ намуд.

                                                                   Анвар ЮСУПОВ     [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо