Тағйироти кадрӣ дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Таҳти раёсати Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир ҷаласаи корӣ дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон Ғазалшо Сафарзода, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят Маҳмудҷон Хоркашев, муовини Сардори Хадамоти муҳоҷират Бадриддин Раҷабов ва мудирони бахшу шуъбаҳои Раёсат ширкат доштанд.

Каримзода Тоҳир ҷаласаро оғоз бахшида, фаъолияти Раёсатро мавриди таҳлил қарор дод ва вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, ки ҳалли худро наёфтаанд дастуру супоришҳо дод.

Ҳамзамон, Сардори Хадамот фармони Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро ба ҳозирин қироат намуда, эълон намуд, ки сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашев бинобар расидан ба синни нафақа аз вазифа озод карда шавад.

“Мо бо Маҳмудҷон Хоркашев тайи шаш соли охир кор кардем. Номбурда ҳамчун роҳбар масъулияти баланди хизматичии давлатиро нишон дода, тавонист дар байни коллектив ба як эҳтироми хоса мувафақ шавад. Мо номбурдаро ҳамчун як мутахассиси пуртаҷриба ва кордон мешиносем. Имрӯз ба Маҳмудҷон Хоркашев барои хизматҳояш дар назди халқу ватан изҳори сипос карда, ба ӯ саломатию сарбаландӣ хоҳонем”, – афзуд Каримзода Тоҳир.

Дар ҳамин замина Каримзода Тоҳир фармони ба вазифаи сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон таъин шудани Қирғизбек Зокирзодаро қироат кард.

Дар ҷаласа фармони таъин шудани муовини сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят ба ҳозирин низ эълон гардид.

Ғолибшо Сафарзода, роҳбари дасатгоҳи раиси вилоят аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бахусус раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Маҳмудҷон Хоркашев барои хизмати софдилонааш дар самти хизмати давлатӣ сипосгузорӣ кард.

Дар фарҷоми ҷаласа Сардори Хадамот ба роҳбарияти навтаъини Раёсат ва мудирони бахшу шуъбаҳои он вазифагузорӣ намуда, онҳоро барои иҷрои самараноки вазифаҳои хизматиашон даъват кард.

sdr

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо