Тақсимоти қитъаи замин барои муҳоҷирон

[:tj]Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016, №506, қарори Раиси вилояти Суғд аз 23.12.2016, №540 ва қарори раиси ноҳияи Деваштич аз 25.01.2017, №33 «Дар бораи нақшаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирати экологӣ барои солҳои 2016-2020» дар давоми ин солҳо аз Љамоатҳои деҳоти Ваҳдат ва Росровут ба ҳудуди Љамоати деҳоти Яхтан кӯчонидани 54 оилаи муҳоҷирони экологӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи мазкур тибқи қарори раиси ноҳия аз 31.08.2017, №662 13 оилаи муҳоҷирон аз деҳаҳои Бобучак ва Хишекати Љамоати деҳоти Росровут бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ҷойи бехавф таъмин гардиданд. Ҳамзамон ба онҳо қарзи имтиёзнок дода шуд.

 

                                                                Раёсати ХМ дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо