Таҷлили бошукўҳи Рўзи байналмилалии муҳоҷир

[:tj] 

18-уми декабри соли равон дар Муассисаи давлатии «Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шабакаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ «Умед» оид ба муқовимат ба савдои одамон ва дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳоҷир чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар ташкил ва гузаронидани он ҳамзамон ташкилотҳои ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт», «Зан ва ҷомеа», «Тараққиёт ва рушди ҷомеа» ва «Хуршеди зиндагӣ» саҳмгузорӣ намуданд. Дар радифи кормандони дастгоҳи Раёсат, намояндагони сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо, фаъолони ҷомеа ва кормандони васоити ахбори омма дар чорабинӣ наздик ба 500 нафар хонандагони литсейҳои касбӣ – техникӣ ва донишҷўёни макотиби таҳсилоти олӣ ҳам иштирок намуданд.

Барандаи тантанаи идона Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзноманигори маъруф Маҳкамбой Каримов сароғоз ҳамагонро ба муносибати Рўзи байналмилалии муҳоҷир аз номи ташкилкунандагони чорабинӣ табрик гуфта, таъкид кард, ки он аз ду қисмат – қисмати расмӣ ва қисмати фарҳангӣ иборат мебошад. Дар рафти он ҳамчунин викторина гузаронида мешавад ва дар он бояд хонандагону донишҷўён фаъолона ширкат варзанд.

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ ба ҳайси маърўзачии асосӣ дар оғози суханрониаш аз он ёдовар шуд, ки таҷлили Рўзи байналмилалии муҳоҷир дар Ватани мо ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукми анъана даромадааст. Мақсад аз ҳамасола қайд гардидани ин сана, пеш аз ҳама, ҷалб намудани диққати аҳли ҷомеа ба масъалаҳои вобаста ба муҳоҷират мебошад. Фаромўш набояд кард, дар радифи муҳоҷирони меҳнатӣ як қисми муайяни аҳолиро дар диёри мо муҳоҷирони дохилӣ ва муҳоҷирони экологӣ ташкил медиҳанд. Вақте ки мо муҳоҷират ё муҳоҷир мегўем, ҳамаи намудҳои муҳоҷират ва қишрҳои муҳоҷиронро дар назар дорем.

Боиси қаноатмандист, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи танзими муҳоҷират, ҳалли мушкилоту муаммоҳои муҳоҷирон ва дар маҷмўъ таъмини зиндагии шоистаи онҳо дар диёри аҷдодӣ аҳамияти хоса зоҳир менамоянд. Чуноне ҳамагон шоид ҳастем, зимни сафарҳои расмиашон Сарвари давлат дар кишварҳои хориҷӣ ҳатман бо ҳамватанони бурунмарзӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ, соҳибкорону донишҷўён, намояндагони марказҳои миллӣ – фарҳангиву диаспораҳо мулоқот анҷом медиҳанд, аз ҳолу аҳволашон бохабар мешаванд. Дар симои ҳамватанони бурунмарзӣ шарикони рушди кишварро дидани Ҳукумати мамлакат худ далели он аст, ки ин қишри ҷомеа ҳаргиз аз мадди назар дур нестанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ дар самти ғамхорию дастгирии муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иқдомҳои шоистаро рўи кор меорад. Аз ҷумла дар фосилаи байни ду ид Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар баробари мулоқот бо чандин ҳайатҳои расмӣ шахсан ба Федератсияи Русия ташриф оварда, бо ҳамватанони бурунмарзиамон вохўрӣ анҷом дод. Падидаи ҷолиб ташрифи намояндагони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба як қатор шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия ба назди муҳоҷирони меҳнатӣ, соҳибкорону донишҷўёни тоҷикистонӣ ва ҳамкории босамарашон бо марказҳои миллӣ – фарҳангӣ ва диаспораҳои ҳамватанон мебошад.

Дар идомаи суханрониаш сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ аҳли толорро бо самтҳои асосии фаъолияти сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират шинос намуда, таъкид дошт, ки маҳз ба хотири мусоидат ба ҳалли мушкилоту муаммоҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар радифи Сафоратхонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва консулгариҳо дар минтақаҳои алоҳидаи Федератсияи Русия дар ин кишвар Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ амал менамояд. Дар ин радиф Агентии давлатии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар ҳамин самт корбарӣ намуда, даҳҳо адад марказҳои миллӣ – фарҳангиву диаспораҳои ҳамватанон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ чи дар хориҷа ва чи дар дохили кишвар ба ҳаллу баррасии масъалаҳои муҳоҷират машғуланд.

Дар суханронии сардори Раёсат дар робита ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 аҳамияти илму дониш, касбу забономўзӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати худ махсус зикр гардид. Номбурда аз ҷавонони дар толорбуда даъват ба амал овард, ки аз имкониятҳои мавҷуда босамар истифода баранд, илму ҳунар омўзанд, ватандўсту ватанпарвар бошанд. Зайнура Шарифӣ ҳамчунин аз хатарҳои замони муосир ёдовар шуда, насли наврасу ҷавонро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ даъват кард.

Дар фарҷоми маърўзаи худ ў барои ҳамкории босамар ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилояту шаҳри Хуҷанд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, маъмурияти қасри ҷавонон, литсейҳои касбӣ – техникӣ ва макотиби таҳсилоти олӣ ва дар умум ба ҳамаи саҳмгузорони чорабинӣ миннатдорӣ баён кард. Зикр намуд, ки Раёсат ва сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо минбаъд низ дар самти таъмини дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришу вазифагузориҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба муҳоҷират аз имкониятҳо босамар истифода мебаранд.

Дар идомаи чорабинӣ раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ ва хадамоти бонкии вилоят Хайрулло Ҷамолов, раиси комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, доктори илмҳои иқтисодӣ Абдумавлон Азимов ва сарвари Фонди рушди ҷомеа Бахтиёр Азизов суханронӣ намуда, дар симои аҳли толор Рўзи байналмилалии муҳоҷирро ба тамоми ҳамдиёрон, аз ҷумла муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо муборакбод гуфтанд.

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ барои ҳамкории босамар ва саҳмгузорӣ дар ҳалли масоилу мушкилоти соҳаи муҳоҷират ташкилоти ҷамъиятии «Хуршеди зиндагӣ», Фонди рушди ҷомеа ва Ассотсиатсияи «Зан ва ҷомеа», ҳамзамон роҳбалади беҳтарини вилоят дар соли 2019 Парвина Очилова бо Ифтихорнома, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд мукофотонида шуданд.

Ҳамзамон ба кормандони пешқадами сохторҳои зертобеъ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан Фирдавс Ҳакимов, Мастчоҳ Парвинаи Сафармуҳаммад, Кўҳистони Мастчоҳ Фаррухиддин Иморуддинов ва Деваштич Сайёд Одинаев Сипоснома ва туҳфаи хотиравии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ ва хадамоти бонкии вилоят, ба мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсат Ҳусейнҷон Зоидов, сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Аҳмадхўҷа Ахмедов, сармутахассис Диловар Муродов ва мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Фаррух Самадов Сипоснома ва туҳфаи хотиравии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд супорида шуд.

Бо сухани табрикии сарвари шабакаи ташкилотҳои ҷамъиятии «Умед» оид ба муқовимат ба савдои одамон ва дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон Бахтиёр Абдуҷабборов қисмати расмии чорабинӣ ба охир расид.

Дар қисмати фарҳангии он як гурўҳ ҳунармандони ҷавон, аз ҷумла Бахтиёр Абдуҷабборов, Шавкат Миршарифов, Дилафрўз Юнусова, Нозими Юсуфзод, Домуллоҷон Юсупов, Искандар Қаландаров ва дастаи рақсии «Маҳастӣ» бо суруду рақсҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида сохтанд. Илова бар ин, бо роҳбарии профессор Умар Алиев аз ҷониби донишҷўёни факултаи санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров саҳначаи ибратбахш вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ намоиш дода шуд.

Дар фосилаи байни ҳунарнамоии артистон викторина гузаронида шуд, ки саволҳои он вобаста ба муҳоҷирати бехатар ва қоидаҳои он буданд. Ғолибони ин сабқати дониш ҳам бо туҳфаҳои хотиравии Раёсат қадршиносӣ гардиданд.

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳоҷир бо садо додани суруди умумии ватандўстона дар иҷрои ҳунармандон ва тақсим намудани маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ таҳти унвони «Дастури мухтасар оид ба муҳоҷирати бехатар» ва «Патент гир, қонунӣ кор кун» ҳусни анҷом пазируфт.

 

Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо