Таҷлили Наврӯзи хуҷастапай дар Хадамоти муҳоҷират

[:tj]        20 марти соли равон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар толори Хадамоти муҳоҷират ҳамоиши идона баргузор  шуд.

Сардори Хадамот Тоҳир Каримзода аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки иди Наврӯз имсол дар марҳилаи сифатан нави сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон  таҷлил карда  мешавад.  Ба гуфтаи ӯ, «Наврӯз рамзи ҳамбастагии оламу одам, рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот шинохта шудааст ва ин ҷашни муборак бо ободиву бунёдкорӣ пайванди қавӣ дорад. Муҳимтар аз ҳама, Наврӯзи ҷаҳонафрӯз бо сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқат, пиндору гуфтору рафтори нек иртиботи ногусастанӣ пазируфтааст», — зикр намуд Т. Каримзода.

Дар маҷмӯъ, ҷашни байналмилалии Наврӯзро кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират дар сатҳи баланд ва бо камоли эҳтиром ба суннатҳои миллӣ таҷлил намуданд.

Дар фарҷом ба як зумра кормандон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз “Ифтихорнома”-и Хадамот супорида шуд.

Анвар ЮСУПОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо