[:tj]
Терроризм яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, дар содир намудани кирдорҳои бадқасдона, аз қабили таркиш, оташ задан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани амнияти давлат, ҷамъият, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани шумораи зиёди аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият бо мақсади суст кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, зоҳир мегардад.
Таърихи инсоният гувоҳи он мебошад, ки терроризм ва экстремизм ҳанӯз аз замонҳои қадим вуҷуд доштанд ва дар шаклу усулҳои гуногун содир мешуданд. Дар охири асри ХХ дар қатори дигар мушкилот, терроризм ва экстремизм ба зуҳуроти хатарноки умумибашарӣ табдил ёфтанд.
Дар радифи терроризм экстремизм низ яке аз ҷиноятҳои хавфнок мебошад ва дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (2 январи соли 2020, №1655) мафҳуми экстремизм ба тариқи зайл шарҳ дода шудааст: «Экстремизм – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст».
Маълумоти воситаҳои ахбори омма шаҳодати он мебошад, ки махсусан солҳои охир амалҳои террористиву экстремистӣ даҳшатовару бераҳм гардида, хатари ҷиддиро ба мустақилият ва асосҳои сохтори конститутсионии кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд овардаанд.
Чунин хатарҳои мудҳишу манфурро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, ҳамасола зимни ироаи паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар аз оқибатҳои номусоиду даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон содир мегарданд, бо нигаронӣ ёдовар мешаванд ва баҳри мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок дидгоҳу назар ва афкору андешаҳои аз назари илмиву амалӣ асосноки хешро баён месозанд. Ҳамзамон баҳри ҳифзу таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ба мақомоти давлатӣ, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Чунончи, Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҳанӯз 22 апрели соли 2002 таъкид намуданд: «Таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки давоми солҳои 70-уму 80-уми асри гузашта баъзе мамлакатҳо ба арсаи амалиёти ҷинояткоронаи дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ табдил ёфтанд. Дар амали чунин дастаҳо ва гурӯҳҳо самти дақиқи террористию даҳшатафканӣ ба назар мерасид. Мо хеле барвақт диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ин проблема ҷалб карда, ҳанӯз дар Вена дар Конгресси даҳуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткории трансмиллӣ мафҳуми дақиқ ва фарогири терроризмро пешниҳод намуда будем. Вале на созмонҳои байналмилалӣ ва на кишварҳои гуногун то ҳол ба мафҳуми терроризм назари ягона надоранд. Созмон ёфтани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон бо вазъи буҳронии иҷтимоию иқтисодӣ, паст рафтани сатҳи зиндагии баъзе табақаҳои аҳолӣ, низоъҳои байналмилалӣ, динӣ, нажодӣ ва иқтисодӣ иртиботи наздик дорад».
Имрӯз терроризм ва экстремизм на танҳо ба давлати алоҳида, балки ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, новобаста аз дараҷаи тараққиёти онҳо таҳдиди бевосита мекунанд. Бинобар ин, тамоми кишварҳои ҷаҳонро зарур аст, ки дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сулҳу субот, ягонагӣ ва амният, пешгирии сокинони сайёра ва безараргардонии экстремисту террористон чораҳои қатъӣ андешида, қонунгузории кишвари хешро ҷиҳати мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатовару нафратовар такмил диҳанд.
Бояд зикр кард, ки ба созмону ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ бештар ноболиғону ҷавонон, ки яке аз табақаҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, ҷалб карда мешаванд, ки ин хеле нигаронкунанда ва ташвишовар мебошад. Зеро сабабҳои асосии ба ин гурӯҳҳо пайвастани шаҳрвандон, алалхусус ноболиғон ва ҷавонон ин истифода аз алоқаи барқӣ, интернет, аз ҷумла расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз онҳо ба паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан, ноболиғон ва ҷавононро ба ҷиҳод ва барҳам додани асосҳои сохтори конститутсионии давлатҳои гуногун даъват менамоянд.
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2019 Пешвои миллат роҷеъ ба амалҳои мудҳиши террористӣ ва таҳдиди ҷиддии терроризм ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният сухан карда, тазаккур доданд, ки «амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад».
Ҳамчунин таъкид шуд, ки шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад.
Некрӯз Абдуллоев
сармутахассиси Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ,
робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ
[:]