Терроризм – хатарноктар аз силоҳи ядроӣ

[:tj]Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амалҳои мудҳиши террористӣ ва таҳдиди ҷиддии терроризм ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният сухан карда, тазаккур доданд, ки «амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад».

Ҳамзамон қайд гардид, ки шарти муҳими ғолиб омадан дар мубориза бо ин омилҳои хатарафзо эҳсоси баланди ватандустӣ, хештаншиносӣ, доштани зиракии сиёсӣ ва фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад.

Яқин аст, ки тафаккури ифротӣ, гурўҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси чаҳон ба мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудаанд. Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм на танҳо ба давлатҳои алоҳида, балки ба тамоми самтҳои мамлакатҳои ҷаҳон, новобаста аз дараҷаи тараққиёти онҳо таҳдиди бевосита мекунанд. Бинобар ин, тамоми кишварҳои ҷаҳонро зарур аст, ки дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сулҳу субот, ягонагӣ ва амният, пешгирии сокинони Сайёра ва безараргардонии экстремисту террористон чораҳои қатъӣ андешида, қонунгузории кишвари хешро ҷиҳати мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатангезу нафратовар такмил диҳанд.

         Ақидаҳои орӣ аз мусибати ифротгароӣ аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот ва талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузаранд. Дар ин ҳолат шахси ифротгарои динї тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро таҳдид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирї нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалї ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад.

         Ба хотири чунин сабукандешист, ки ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зўроварию хушунат истифода мекунанд, аз ин рў дар зиндагии рўзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Ифротгароёни динӣ мекўшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зўрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад.

Мувофиқи фаҳмиши гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза, бояд ҳамаи давлатҳои мусулмоннишин ишғол шуда, ҳамчун як ноҳияи «хилофат» ба халифаи ягонаи ифротгароён итоат кунанд. Ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмониро эътироф накарда, мехоҳанд онҳоро дар таркиби «хилофат» – и худ маҳв намоянд. Ин тарҳ ва ин андеша дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, низомнома ва варақаҳои таблиғотии гурӯҳҳои ифротии динӣ ба таври расмӣ ва возеҳ ифода шудааст ва ҳеҷ ҷойи шак боқӣ намемонад. Масалан, ҳаракати ифротгарои Ҳизби таҳрир солҳост, ки дар оиннома ва варақаҳои таблиғотии худ ба таври расмӣ назарияи «бунёди хилофати ягонаи исломӣ» – ро таблиғу ташвиқ менамояд ва созмони ифротгарои «Давлати исломӣ» бошад, харитаи сиёсии «хилофати исломӣ» – и худро тартиб дода, онро дар расонаҳо ҳамаҷониба паҳн ва таблиғ мекунад. Агар ба ин харита нигарем, дар он ягон давлати мустақил вуҷуд надошта, тамоми давлатҳои мусулмоннишини ҷаҳон ҳамчун кишварҳои тобеи ин «хилофат» пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, чанд ҳафтае қабл аз ин, дар остонаи баргузории интихоботи вакилон  як теъдод шахсони кинадору адоватофар, ки оромию осудагии Тоҷикистони азиз барои онҳо тамоман бегона аст, бо ҳар роҳ кўшиш ба харҷ доданд, ки фазои интихоботи мардуми Тоҷикистонро халалдор кунанд. Онҳо дар дуриҳои дур пинҳон шудаанд ва аз дасташон ба ғайр аз тўҳмат ягон чиз намеояд, вале бо нашри  маводҳои иғвоангез дар шабакаи «Интернет» ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ё бо пахш кардани изҳороти бешармонаю бардурўғ дар бораи интихоботи баргузоршуда дар Тоҷикистон мехоҳанд ин фазои беғуборро доғдор кунанд.

Он чунон содалавҳанд, ки бо алам менависанд «ҳоюҳуе, шавқу шўре, дағдағае нест!» Яъне мехоҳанд, ки ҳамаи халқ мисли онҳо доду фарёд  зананд, ҳоюҳуй кунанд, ба ҳамдигар дарафтанд? Ин аст тасаввури одамони ифротӣ дар бораи интихобот. Аммо дар ҷомеаи бофарҳанг шарт нест, ки одамон доду фарёду «ҳоюҳуй» кунанд. Мардуми сарбаланди кишвар номзадҳоро омўхтанд, барномаҳояшонро хонда, мавқеашонро рўзи интихобот муайян намуданд. Шояд ин сатҳи маърифат ва қарзи шаҳрвандӣ барои наҳзатиёни зархарид бегона бошад, аммо баргузории шаффофонаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ муҳри хомушие гашт бар лабони бадхоҳон.

 

Бинобар ин, мо ҷавононро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро балки бо меҳнати  софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасону  ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ,  ҳифзи  дастовардҳои  истиқлолият ва таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

 

 

                                                                             Нурулло ҒАФУРИЁН

                                         корманди шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ,                                                            робита бо ҷоема ва ҳамватанони бурунмарзии                                                              Хадамоти муҳоҷират[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо