Фарзандони тоҷикони вилояти Иркутск

[:tj] 

Фарзандони тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Россия дар боғчаҳои бачагона истироҳат намуда, дар мактабҳои миёна, миёнаи касбӣ-техникӣ ва мактабҳои олии гуногуни ин вилоят таҳсил мекунанд, – гуфт дар суҳбат раиси Ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутск Муриватшо Меликшоев.

Чамъият аз рӯи шароиту имкониятҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистонии вилояти Иркутск чорабиниҳои миллӣ-фарҳангӣ баргузор менамоянд.

Барои самаранок дастгирӣ намудани ҳамватанон дар назди ҷамъият иттиҳодияҳо ва ассотсиатсияҳоро ташкил намудем, аз он ҷумла: Иттиҳодияи занони тоҷикистонӣ, ассотсиатсияҳои табибони тоҷикистонӣ, ҳуқуқшиносони тоҷикистонии вилояти Иркутск. Ҳамаи ин ассотсиатсияҳо дар баробари фаъолияти кориашон, инчунин ба муҳоҷирони меҳнатӣ кумак мерасонанд. Ҳаминро бояд зикр кунам, ки дар байни тамоми ҷамъиятҳои миллӣ-фарҳангии минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия мо якумин шуда, дар назди ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутск чунин иттиҳодияҳо ва ассотсиатсияҳоро ташкил додаем.

Имрӯзҳо мо низ хуб дарк мекунем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Федератсияи Россия барои ҳаллу фасли проблемаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ як қатор чораҳоро амалӣ менамоянд. Итминони комил дорем, ки маҳз бо ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан муҳтарам Пешвои муаззами мо мушкилоти пешомадаи ҳамватанони мо дар қаламрави Федератсияи Россия боз ҳам роҳҳои ҳалли худро пайдо мекунанд. Аммо рӯ наовардани мушкилот  аслан аз худи мо вобаста аст. Талаби кишвари муҳоҷирпазир доштани ихтисос, сертификат, манзили зист, патент, риояи назму низом ва урфу одати мардумаш мебошад. Ҳамаи мо бояд ба ин талабҳои ҷаҳон ҷавобгӯ бошем, вагарна рафтан ба кишвари бегона на танҳо боиси сарсониву зиёни буҷаи оилавии худ, балки аз дигарон ҳам мегардад. Дар ин ҳолатҳо ҷамъияти тоҷикони мо ҳам оҷиз монда, ба «дармонда» кумак карда наметавонад, – иброз дошт М.Меликшоев.

Вилояти Иркутск дар Федератсияи Россия яке аз минтақаҳои калонтарини саноатӣ ба шумор рафта, аз ҷиҳати масоҳати ҷуғрофӣ дар байни 5 минтақаи калонтарини Федератсияи Россия ҷойгир мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Иркутски ФР аз аввали солҳои 60-70-уми асри гузашта муносибатҳои дӯстӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиро ташкил карда буд. Дар он солҳо аз ҳисоби маблағи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вилоят якчанд корхонаҳои коркарди чубу тахта сохта шуда буданд, ки ин корхонаҳо маҳсулотҳои тайёрро ба ҷумҳурӣ мефиристоданд. Ба ивази маҳсулотҳои чубу тахта аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин вилоят муҳсулотҳои ниёзи мардум, аз он ҷумла меваҳои тару хушк, сабзавот, консерва ва дигар маҳсулотҳои хоҷагии халқ фиристода мешуданд. То солҳои 2005-ум ин корхонаҳо моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Дар он солҳо дар ин корхонаҳо ва умуман дар вилояти Иркутск шумораи начандон зиёди Тоҷикистониён кору зиндагонӣ доштанд, ки эҳтимолан 100-120 нафарро ташкил медоданд. Ҳоло бошад, дар вилояти Иркутски ФР ҳазорҳо ва дар давоми мавсими корӣ даҳҳо ҳазор нафар тоҷикон ва муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони мамлакат дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ кору фаъолият доранд.

Бояд гуфт, бори нахуст моҳи феврали соли 2000-ум Ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутски ФР расман дар вазорати адлияи вилоят номнавис шуд. Баъди номнависӣ имконият пайдо шуд, ки Ҷамъият аз рӯи Оинномаи худ ба фаъолият шурӯъ намояд.

Яке аз мақсаду вазифаҳои асоситарини ҷамъият кумаку мадад ва дастгирӣ намудани муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ мебошад. Ҳоло бошад, аз рӯи ҳисоботҳои оморӣ дар вилояти Иркутск шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои гуногун ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ барои фаъолияти корӣ омаду рафт доранд. Аз шумораи умумии тоҷикон ва муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилояти Иркутск кору фаъолият мекунанд, қариб 70 фоизашон дар майдончаҳои гуногуни сохтмонӣ, зиёда аз 10-15 фоиз дар бозорҳои хурду миёна, якчанд фоиз дар заводу фабрикаҳо ва дигар корхонаю ташкилотҳои истеҳсолӣ ва мусофиркашонӣ ба ҳайси мутахассис, қариб 5 фоиз тоҷирону истеҳсолотчиён ва 1-2 фоиз дар ташкилотҳою муассисаҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ кору фаъолият доранд.

Боиси хурсандист, ки имрӯзҳо дар ин вилоят тоҷикон ва шаҳрвандони Тоҷикистонии ин вилоят ширкатҳои гуногуни истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ ташкил намуда, дар баробари фаъолияташон даҳҳо нафар муҳоҷирони меҳнатиро соҳиби ҷойи кор мекунанд. Ширкатҳои ҳамватанон дар соҳаҳои гуногун, аз он ҷумла: корхонаҳои сохтмонӣ, чубу тахтабарорӣ, чорводорӣ, кишоварзӣ, муассисаҳои хӯроки умумӣ, аз он ҷумла чойхонаҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, инчунин ба тиҷоратҳои гуногуни дигар соҳаҳо кору фаъолит доранд.

                                                                                                Анвар ЮСУПОВ                 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо