ХАБАРИ ХУШ! Парвозҳои мунтазам миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор гардиданд

[:ru] 

Согласно решению Республиканского штаба по усилению противоэпидемических мер по предотвращению распространения новой инфекции COVID-19, возобновлены регулярные рейсы между Республикой Таджикистан и Республикой Узбекистан. Об этом 15 января НИАТ «Ховар» сообщил директор Агентства гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан Икром Субхонзода.

Он отметил: «Согласно решению Республиканского штаба, рейсы между столицами двух стран выполняются один раз в неделю национальной авиакомпанией Узбекистана — «Узбекистон хаво йуллари» и авиакомпанией Республики Таджикистан – ООО «Сомон Эйр».

Согласно решению, национальная авиакомпания Узбекистана — «Узбекистон хаво йуллари» выполняет еженедельные рейсы по средам, а  авиакомпания ООО «Сомон Эйр» — по пятницам. Пассажиры могут приобрести билеты в основных точках продаж.

Директор Агентства гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан Икром Субхонзода отметил, что с целью предотвращения распространения COVID-19 все пассажиры должны соблюдать санитарные и противоэпидемические требования, носить защитные маски и перчатки. Пассажирам необходимо иметь при себе медицинское свидетельство об отрицательном инфицировании COVID-19 (ПЦР-тест), полученное за 72 часа до вылета.

 [:tj] 

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии сирояти нави COVID-19 парвозҳои мунтазам миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор гардиданд. Дар ин бора директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода 15 январ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Мавсуф зикр намуд, ки «тибқи қарори қабулнамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ парвозҳо миёни пойтахтҳои ду мамлакат ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон — «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ва ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҶДММ «Сомон Эйр»  анҷом дода мешаванд».

Тибқи қарори мазкур, ҳар ҳафта — рӯзҳои чоршанбе аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон — «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ва рӯзҳои ҷумъа парвози ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон — ҶДММ «Сомон Эйр»  анҷом дода мешаванд. Мусофирон метавонанд чиптаҳоро аз нуқтаҳои асосии фурӯш харидорӣ намоянд.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода  зикр намуд, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тибқи талаботи мавҷуда, кулли мусофирон бояд талаботи санитарию зиддиэпидемикиро риоя намуда, ниқоб ва дастпӯши муҳофизатӣ дошта бошанд. Мусофирон бояд, ки бо худ маълумотномаи ташхиси тиббии манфии сироятшавӣ  аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз парвоз гирифтаанд, дошта бошанд.

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо