Шарипов Саидмурод Музаффарович

[:tj]

Санаи 1  октябри соли 1954 дар ноҳияи Кубодиён (ҳоло Дӯстӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1977, баъд аз хатми таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Лоҳутӣ, дар хоҷагии деҳқонии “Телмон” ба ҳайси мутасаддӣ оид ба техника шурӯъ намудааст.

Баъдан, солҳои 1978-1980 пас аз хизмати ҳарбӣ, ба зодгоҳ баргашта, дар соҳаи омӯзишӣ савдо дарҷ гирифта, фаъолиятро дар яке аз мағозаҳои деҳаи Лоҳутии ноҳияи Кубодиён (ҳоло Дӯстӣ) шурӯъ  кардааст.

Солҳои 1990-1992 дар Анҷумани тоҷирони “Шарқ”-и шаҳри Душанбе, ба ҳайси ҷонишини сардори шӯъба оид ба таъмини озуқаворӣ фаъолият дошт.

Замони ҷанги шаҳрвандии дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчун гурезаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳиҷрат намуда муқими он ҷо гашт.

Пас аз иқоми маҳалли доимӣ дар шаҳри Алмаато, соҳаи тиҷоратро пеша карда бо он машғул шуд.

Баъдан соли 1993 ӯ ширкати хусусии тиҷоратиро боз намуда, барои давом додани тиҷорат соҳибкориро пеша кард ва дар давоми муддати кӯтоҳ яке аз соҳибкори муваффақ арзёбӣ гардид.

Пайваста барои дастгирӣ намудани ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон кор ва зиндагӣ мекарданд, кумакҳои худро дареғ надошт.

Бояд зикр намуд, ки барои инъикоси фарҳанги тоҷикон дар миёни фарҳанги бисёрмиллати Қазоқистон, бо гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ аввалин нафаре аст, ки фарҳанги тоҷиконро муаррифӣ намудааст.

Соли 2002 зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳамзамон вохурӣ бо ҳамватанони бурунарзӣ дар шаҳри Алмаато доир намуд ва дар ин вохурӣ бо ҳамватанон масъалаи таъсиси Анҷумани тоҷикони Қазоқистон дар асоси раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ гардид ва бори нахуст Анҷумани тоҷикони Қазоқистон бо ташаббуси Саидмурод Шарипов дар Ҷумҳурии Қазоқистон таъсис дода шуд, ки он расман бо номи Анҷумани

фарҳангӣ –  иҷтимоии иттиҳодияи тоҷикони Қазоқистон “Сомониён” назди Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон эътироф гардид, фаъолиятро оғоз намуд ва дар байни фарҳанги бисёрмиллати халқҳои Қазоқистон мавқеъи хоси худро пайдо намуд.

Соли 2004 дар ҷаласаи умумии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” ҳамчун аъзои ин созмони байналмилалӣ эътироф гардид.

Фаъолияти самаранокро густарда ба роҳ монда, барои инъикоси фарҳанги волои тоҷик, гузаронидани чорабинихои фарҳангӣ, инчунин барои дастгирии муҳоҷирати мехнатии тоҷикон хизматҳои шоиста кардааст.

Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ҳамчун қаламрави интиқоли мусофиркашонии муҳоҷирати меҳнатии Осиёи Марказӣ дар Русия тавассути шоҳроҳ арзёбӣ мегардад, барои ҳалли мушкилиҳои мусофирони дар роҳ монда, намояндагии Анҷумани фарҳангӣ – иҷтимоии иттиҳодияи тоҷикони Қазоқистон “Сомониён”-ро дар дигар манотиқи Ҷумҳурии Қазоқистон таъсис дод.

Бо мақсади расидагӣ кардан барои мушкилиҳои ҳамватанони бурунмарзӣ, дар якҷоягӣ бо дастгирии намояндагии давлатии Тоҷикистон дар Қазоқистон робитаро мустаҳкам ба роҳ монд. Инчунин Анҷумани фарҳангӣ –  иҷтимоии иттиҳодияи тоҷикони Қазоқистон барои сари вақт ҳал намудани мушкилиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, оиди будубош ва танзими муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон, бо  Хадамоти муҳоҷирати  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд ва ин буд, ки маҳз бо дастгирии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими муҳоҷирони тоҷик оид ба будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи миллии тоҷикона, нагаравидани ҷавонон ба самтҳои ифротгароӣ дар қаламрави Қазоқистон ба танзим дароварда, тамоми тоҷикони Қазоқистонро зери парчами Тоҷикистон муттаҳид кард.

Барои таъсиси марказҳои фарҳангии тоҷикон дар шаҳрҳои Қазоқистон, маркази фарҳангии тоҷикон “Ависена” дар шаҳри Алмаато (соли 2007), маркази фарҳангии вилояти тоҷикон “Сафар” дар вилояти Алмаато (соли 2015), маркази фарҳангии тоҷикон “Санги кабуд” дар шаҳри Кокшитави вилояти Окмола (соли 2016), маркази фарҳангии тоҷикон “Сомониён” дар шаҳри Остона (соли 2017) саҳм гузоштааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд, донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо