Шаҳри Хуҷанд-пешсафи маърака

[:tj] 

Дар асоси нашаи чорабиниҳои муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Шӯрои уламои вилоят шурӯъ аз охири моҳи март дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллахонаҳо вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм силсилаи чорабиниҳои муштарак роҳандозӣ шуда истодааст. Дар баробари ин мавзӯъ зимни мулоқот бо аҳли ҷомеа ташкилкунандагон иштирокчиёни чорабиниҳоро аз дигар хатарҳои ҷаҳони муосир ва падидаҳои номатлуб огоҳ намуда, оид ба муҳоҷирати бехатар, тарзи ҳаёти солим, таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, эҳёи касбу ҳунарҳои миллӣ ва касбу забономӯзӣ маслиҳати муфид медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки дар самти мазкур аз байни сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру навоҳии вилоят шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд таҳти сарварии Манзурат Саторова фаъолнокӣ зоҳир намуда истодааст. Шуъба ҳамкории босамарро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амнияти миллӣ, Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”,  муассисаҳои таълимӣ ва ходимони дин ба роҳ монда, ҳафтае 2-3 чорабинӣ мегузаронад.

Чорабиниҳои навбатии дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 5, 7 ва 25 доиргардида сокинони маҳаллаҳои “Ҷаббор Расулов”, “1-уми май”, “Содирхони Ҳофиз”, “Чашмаи Арзана”, ”Ваҳдат”, “Дӯстии халқҳо”, “Сайҳун”, “Сирдарё”, “Ваҳдат” ва “Суғдиён” , аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳамчунин хонандагони синфҳои болоии таълимгоҳҳои мазкурро ба ҳам оварданд.

Дар шуъба маводи махсуси иттилоотӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бо экстремизму терроризм таҳия шудааст, ки дар рафти чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ истифода мебаранд.  Ба ғайр аз сардори шуъба мутахассиси пешбар Имомҳасан Тӯраев ва мутахассис Дилноза Раҳматзода ҳам мунтазам суханронӣ мекунанд ва дар ин самт малакаи хуб доранд.

Дар рафти мулоқотҳои навбатӣ дар ҳузури падару модарон масъалаи ҳизмати ҳарбӣ ва даъвати баҳоронаи ҷавонон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамагӣ дар 3 чорабинии доиргардида 290 нафар ширкат варзиданд. Баъди саволу ҷавоб ва суҳбати  озод ба иштирокчиён маводи иттилоотӣ оид ба муҳоҷирати бехатар ва тарзи гирифтани патнет тақсим гардид.

 

                                                                   Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                         дар шаҳри Хуҷанд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо