Шиносои бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Зафаробод

[:tj]Дар асоси супориши сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гурўҳи корӣ дар ҳайати мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсат Ҳусейнҷон Зоҳидов ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ Маҳмадносир Ниёзов бо рафти корҳои сохтмонӣ аз ҷониби муҳоҷирони дохилии ноҳияҳои Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ шинос шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мавзеи Ҳаштяк 41 оилаи муҳоҷирони дохилӣ аз ноҳияи Айнӣ бо қитъаи замин таъмин гардида,  то имрўз 4 оила бунёди манзилро пурра ба анҷом расонидаанд. Дар ин радиф аз ҷониби 19 оила таҳкурсии биноҳои истиқоматӣ рехта шудааст. Айни замон 11 оила машғули корҳои сохтмонӣ мебошанд.

Гурўҳи корӣ ҳамчунин аз мавзеи Ҷавонӣ ва Меҳнатобод дидан намуда, бо муҳоҷирони дохилии соли 2016 ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, ки 51 оиларо ташкил медиҳанд, вохўрд ва рафти корҳои сохтмониро мавриди санҷиш қарор дод. Аз ҷумлаи ин муҳоҷирон 4 оила девори иморатро бардошта, 7 оила таҳкурсӣ рехтаанд. Оилаҳои боқимонда корҳои сохтмониро оғоз намуда истодаанд.

Дар рафти шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ гурўҳи корӣ бо муҳоҷирон мулоқот доир намуда, оид ба мушкилоту муаммоҳояшон пурсон шуд. Ҳамзамон ҷиҳати боз ҳам тезонидани суръати корҳои сохтмонӣ ба муҳоҷирон дастурҳои мушаххас дод.

 

                                                           Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                             дар вилояти Суғд

 

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо