Шиносоӣ аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Шуғнон

22 май гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми вазир Раҳмонзода Абдулғаффор аз ҷарайёни сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ҷамоати шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон, ки бунёди он ба зиммаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад боздид намуда, дар назди масъулин супоришҳои мушаххас гузоштанд.

Гурӯҳи кориро муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Иматшозода Анвар ва раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумазода Ҷума ҳамроҳӣ карда, аз ҷарайёни корҳои ободониву созандагӣ маълумот доданд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар саросари кишвар бо маром идома дорад.

Сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маром идома дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо