Шумо аз Россия омадет, ба занҳо чӣ гуфтанӣ доред?

[:tj] 

Муҳоҷират ба қисмати муҳими зиндагӣ табдил ёфтааст. Албатта, ин раванд ҳам хушиҳо дораду ҳам нохушиҳо. Аксари муҳоҷирон дар хориҷа, бахусус, кишвари Россия аз надонистани забон ва надоштани касбу ҳунар ба ҳолатҳои мушкил дучор меоянд.

Чӣ илоҷ, инсон новобаста аз ҷаҳонбинӣ, саводнокӣ ва дарки маънӣ мехоҳад дар ҷомеа мавқеи худро ёбад, зиндагии хуб дошта бошад. Вале ҳамаи ин заҳмат, талош ва фидокориро мехоҳад.

Дар иртибот ба ин, мақолаеро омода намудем, ки дар он саҳми кормандони Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷаи Хадамоти муҳоҷират, бахсус сармутахассис Дилшод Убайдов назаррас мебошад. Он зимни қабули шаҳрвандон бо бархе аз занҳои тоҷик ҳамсуҳбат шуд.

МУКОЛАМАИ ЯКУМ

Заррагул Маҳмадова, сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон:

– Ассалом, аз Россия баргаштед?

– Бале, дар шаҳри Санкт-Петербург будам.

– Танҳо рафтед ё ҳамроҳи ягон кас?

– Мебахшед, дар ин замона ҳар кас аз худаш намонад, албатта, худам танҳо рафтам. Баъзан одамон фикр мекунанд, ки зан танҳо сафар кунад, беиффат аст, лекин зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад, мегӯянд, ки рост аст.

Ӯ нақл кард, вақте ки ба қатора савор мешудам, аллакай мардҳои тоҷик маро саволборон мекарданд, ки ба куҷо меравам, «Барои чӣ», «ҷаро танҳо?», «назди шавҳарам?» ва ғайраҳо. Ноилоҷ будам гӯям, ки назди шавҳарам меравам.

Дар асл ин тавр набуд. Шавҳарам 6 сол боз дар Россия зани рус гирифта, маро бо ду фарзандам фаромӯш кардааст. Маҷбур шудам, пул қарз карда, ба Россия равам. Дар як рӯзномаи Россия хондам, ки ба оилае парастор зарур будааст. Ба ҳамон суроға рафтам, хушбахтона ба соҳибхона писанд омадам ва маро ба зудӣ ба кор қабул кард. Бо хурду хӯрок ва ҷойи хоб таъмин будам. Вазифаи ман нигоҳубини кампири 75 – сола, яъне модарашон иборат буд. Бовар кунед, аз ҳад зиёд ба ман меҳрубонӣ мекарданд. Хӯрокаро ҳар ҳафта худашон меоварданд. Ҳуҷҷатҳоямро соҳиби хона дуруст кард.

Вақте, ки оши палави тоҷикӣ пухтам, гуфтанд, дар ҳаётамон ин хел хӯроки болаззатро нахӯрдаем. Ҳар ҳафта маърака меоростанд, ба замми ин меҳмонҳое, ки ба ин хона меомаданд, онҳо низ ба ман пул медоданд. Кампир бошад, маро аз фарзандаш кам намедонист. Афсӯс мехӯрд, ки «наход ҳамин гуна занро аз худ дур кунӣ? Шавҳарат бефаросат будааст!» – мегуфт ӯ.

-Чаро шавҳаратон зани русро ҳамсар интихоб кард?      

– Мо, занҳои тоҷик, бисёртарамон аз ҳама шароитҳои хуби маишӣ, хонаи зебову муҷаҳҳаз, рахтҳои хоб ва курсиҳои қиммату замонавӣ, роҳату сайру гашт бенасибем. Занҳои русбарин имкони сафеда ва атрҳои фаронсавӣ харидан надорем. Мардҳоямон бисёранд, лекин афсӯс, ки кам ба мо аҳамият медиҳанд. Мардони деҳотӣ шароити зиндагии занҳои русро дида, моро фаромӯш мекунанд. Дар асл ҳамин хел аст. Аз ин рӯ, ман ба занҳо чунин маслиҳат медиҳам, ки агар шавҳаратон ба шумо пул равон кунанд, пеш аз ҳама рӯйҷо, кати хоб, рангубор харед, назди онҳо нозу эркагӣ ва дилёбӣ кунед, хоҳед, ки дар оянда аз муҳоҷират баргарданд, дағалиро фаромӯш созед.

Ба мардҳои тоҷик гуфтаниам, ки аз Ватан баромадед, рашки худро дар назди зан ва модаратон монда, баъд сафар кунед. Ҳозир зану мард, шукри Худованд, баробарҳуқуқанд. Бо чашми ало нигоҳ накунед, пулдор шудед, барои худатон ва занатон шавед.

МУКОЛАМАИ ДУЮМ

Бибисорро Розиқова, иқоматкунандаи шаҳри Душанбе:

– Мақсад аз сафари шумо чӣ буд?

– Албатта, барои тамошо не, барои кор рафта будам. Бино бар сабаби фарзандор нагаштанам, аз шавҳар ҷудо шудам. Кори мувофиқ дар Ватан пайдо карда натавонистам, боз бар замми ин хостам худро табобат намоям, барои ҳамин маҷбур шудам рӯ ба муҳоҷират орам. Аз падару модар дуо гирифта, ба шаҳри Москва, назди дугонаам рафтам. Бо кумаки шавҳари дугонаам, дар як маркази савдо ба ҳайси фаррош ба кор қабул шудам. Инак, панҷ сол аст, ки рафтуомад дорам. Маошам барои хурду хӯрок, иҷора ва табобат мерасид. Ба замми ин, барои падару модарам низ пул равон мекардам. Рости гап, дар давоми панҷ соли кориям аз ягон мард ё зани рус гапҳои қабеҳ нашунидаам, чунки эҳтироми худ ва ҳуқуқҳоямро медонам.

-Донистани забони русӣ бароятон душворӣ надошт?  

–  Ман, ки зодаи шаҳрам, забони русиро хуб медонам ва ин бурди ман шуд. фикр мекунам, ки донистани забони русӣ дар ҳолате, ки ба Россия сафар мекунӣ, зарур аст. Дар вақтҳои холӣ ба бастабандӣ ёрӣ медодам, ки ба ман пули илова медоданд.

– Шумо метавонистед, ки ягон кори дигарро барои худ пайдо намоед?   

         – Фикратонро фаҳмидам. Шумо гуфтаниед, ки кори фарошӣ паст аст? Дар асл ин тавр нест, фаррош дар он ҷо латаю сатилу об надорад, ҳамагӣ як щётка барои гирифтани чангу хок. Сару либоси махсус медоданд, ки ҳамаи кормандони маркази савдо мепӯшиданд. Ҷойи кор ба хонае, ки дар иҷора мезистам, наздик буд. Аз ҳамин хотир кори дигар накофтам.

– Ба андешаи шумо, оё муҳоҷирати меҳнатии занон зарур аст? Баъзеҳо дар он андешаанд, ки занҳо кор наёфта, ба роҳҳои номақбул мераванд.

– Ҳар як зан бояд ақлу тамиз дошта бошад. Мисол, ман барои ояндаи худам рафтам, табобат гирифтам. Фикр мекунам, ягон ҷои хато надорад. Сабабгори ба дигар роҳҳои нодуруст бурдани занҳои мо худи мардҳои тоҷик мебошанд. Бо роҳи фиреб «ман ба ту кор ёфта медиҳам» гуфта, дар назди 5-10 марди тоҷик иҷора мемонанд. Зани бечора дигар илоҷ надорад, «кор ёфта намедиҳанд» гуфта, ба ҳамаи гапҳои онҳо розӣ мешавад.

Аз ин рӯ, ба занҳо муроҷиат мекунам, ки ба муҳоҷират ҳамроҳи хешу табор раванд, ба ҳар хел шахсони тассодуфӣ ҳамроҳ нашаванд. Бе суроғаи дақиқ ё надонистани забони русӣ ҷойи гарми худро сард накунанд. Пеш аз ҳама, кӯшиш намоянд, ки соҳибикасб бошанд, то дар оянда худро нигоҳубин карда тавонанд.

МУКОЛАМАИ СЕЮМ    

Шарифахон Ҳамроева, сокини ноҳияи Рӯдакӣ:

– Апа, шумо ба Россия рафтанӣ?

         –Бале, роҳ кушода шавад, назди шавҳарам ва фарзандам, ки дар шаҳри Москва ҳастанд. Мо, қариб 12 сол мешавад, ки дар муҳоҷират ҳастем. Ман ба маризии иллати сутунмуҳра гирифтор шудам. Дар Ватан табобат гирифта натавонистам, чунки пули зиёд даркор буд. Аз ин хотир, шавҳарам бо писарам ба кишвари Россия мардикорӣ рафтанд, баъдан маро даъват намуданд. Шукри Худованд, бо мадади шавҳарам ва писарам ба пой хестам. Ба табибони рус арзи сипоси худро баён менамоям, ки маро ҷарроҳӣ накарда, таҳти назорат гирифтанд. Пули калон даркор буд, кафолат надоданд, барои ҷарроҳӣ. Барои муҳоҷир буданам ҳамагӣ ними маблағро гирифтанду халос.

– Маблағи шавҳар ва писаратон барои хурду хӯрок ва табобати шумо расид?

– Бале, шукри Худо, маблағ расид, боз ба хушдоману хусурам ҳам равон кардем.

– Боре шудааст, ки ҳамсояҳои рус ба шумо дағалона рафтор карда бошанд?

– Не, бовар кунед, ба роҳи худатон рафта омадан гиред, ягон кас кор надорад. Вақте ки меҳмон бисёр шавад, даромаду баромади одамон дар хонаатон зиёд бошад, магнитафонро баланд монед, оромиро халалдор кунед, алабатта, ба чашмашон мерасад, зуд полиси минтақавиро хабар медиҳанд, омада ҳуҷҷатҳоро тафтиш мекунанд. Мегӯянд, «шаҳри якчашма ки рафтӣ, як чашматро бипӯш». Шукри Худо, дар як хона 12 сол мешавад, ки зиндагӣ дорем, ягон душворӣ нашудааст.

– Дар Москва бо занҳои тоҷик вомехӯрдед?

– Бале, бештар бо занҳои вилояти Суғд вомехӯрдам, ки онҳо озодона дар кӯчаҳо мегарданд, савдои худро доранд, бо вагонҳо, он вақтҳо, ки бемории КОВИД-19 набуд, ба Тоҷикистон бор равон мекарданд. Бовар кунед, аз баъзе мардҳо онҳо бартарӣ доранд. Ба дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Туркия ва дар ҳудуди шаҳри Москва савдо мекунанд.

– Дувоздаҳ сол мешавад, ки дар Москва зиндагӣ доред. Ба занҳои тоҷик, ки роҳи муҳоҷиратро интихоб мекунанд, чӣ гуфтан доред? 

– Пеш аз ҳама онҳо худро эҳтиром кунанд, ҳуқуқҳои худро донанд, ва ба забони русӣ гуфтугӯ карда тавонанд, тарзи пӯшидани сару либоси мардуми кишвари дигарро риоя намоянд. Дигар ин ки вақти сафар бояд суроғаи муайян дошта бошанд, ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надода, кӯшиш созанд, ки ҳеҷ гоҳ ба доми фиреби ягон мард наафтанд.

                                                                     Таҳияи Анвар ЮСУПОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо