Ярмаркаи панҷуми байналмилалӣ

[:tj]Соли равон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо шарикони рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи панҷум ярмаркаи байналмилалии «Суғд – 2018» дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки аз 5 то 7 июл идома кард.

Чуноне ташкилкунандагон дар оғози чорабинӣ иттилоъ доданд, мақсад аз ташкил ва гузаронидани ярмаркаи анъанавии байналмилалӣ қабл аз ҳама тақвият бахшидан ба савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории густурда бо давлатҳои хориҷи дуру наздик буд.

Ҳамзамон муаррифии молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва имкониятҳои кишвар барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ, ҷалби маблағгузоронии хориҷӣ ва ворид намудани технологияи муосир аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии ташкилкунандагони ярмарка маҳсуб мешуданд.

Ба ғайр аз соҳибкорону молистеҳсолкунандагон аз тамоми гўшаю канори Тоҷикистон дар ярмарка доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ аз ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ўзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва кишварҳои Федератсияи Россия, Олмон, Аморати муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ, ҳамчунин намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ дар ярмарка иштирок намуданд.

Дар доираи чорабинӣ форуми тиҷоратӣ – маблағгузорӣ таҳти унвони «Рушди иқтидори содиротӣ ва савдои байналмилалӣ», намоиши «Иқтидор ва имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғд» ва молу маҳсулоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Исфарафуд» роҳандозӣ гардид. Ҳамчунин конфронс, мулоқот ва суҳбатҳо вобаста ба мубодила ва харидуфурўши молу маҳсулот доир шуданд.

Зимни суханронию суҳбатҳо махсус таъкид гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол ба кишвари имкониятҳо табдил ёфтааст ва барои рушди озодонаи фаъолияти соҳибкорӣ тамоми шароит муҳайёст. Аз ҷумла, директори генералии ширкати мобилии Тселл Озодхон Давлатшоев ҳамчун намояндаи Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ бо зикри ин нукта баён дошт, ки Тоҷикистони биҳиштосоро ояндаи дурахшон дар пеш аст ва дар самти боз ҳам ободу зеботар гардонидани он бахши хусусӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.

 

                                                                       Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                                 дар вилояти Суғд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо