Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар шаҳри Истаравшан

Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан якҷоя бо Филиали Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» дар вилояти Суғд ва намояндагони ООО «Первая экспедиционная компания» ПЭК – и шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо мақсади таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, 7 июли соли равон ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор намуданд.

Тавре аз бахши Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, дар чорабинӣ оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия вобаста ба таҳдиди паҳншавии минбаъдаи сирояти нави «Коронавирус» ва ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар қаламарави Федератсияи Россия қарор доранд, тағйиру иловаҳо ворид гардидааст, ба иштирокчиён фаҳмонида шуд.

Тибқи маълумоти роҳбари самти назорати кадрии ООО “ПЭК” Арсен Бадалян зимни баргузории ярмарка ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҷойҳои холии кории мавҷудбуда, аз ҷумла кормандони борбардор дар анборҳо дар шаҳри Санкт-Петербург ва Москваи Федератсияи Россия муаррифӣ карданд.

Қайд гардид, музди маош аз 26 000 то 32 000 рубли русӣ буда, омода намудани ҳуҷҷатҳо тибқи Кодекси меҳнати Федератсияи Россия сурат гирифта, бо корманд шартномаи меҳнатӣ баста мешавад ва маблағи ҳармоҳаи патент аз ҷониби корфармо пардохт карда мешавад. Имконияти харидорӣ намудани миқдори муайяни чиптаи ҳавопаймо низ аз ҷониби корфармоён ба назар гирифта шудааст. Ҳамчунин ҷои хоб низ аз ҷониби корфармо пешниҳод карда мешавад.

Дар ярмарка 20 нафар шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолона ширкат варзида, 5 нафари онҳо худро номнавис намуданд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан минбаъд низ ҳамкориро бо МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и вилояти Суғд ба роҳ монда, ҷиҳати муташаккилона сафарбар намудани шаҳрвандон ба кишвари Россия мусоидат менамояд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо