ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОР

[:tj]Ҷамоати деҳоти Сурх яке аз калонтарин ҷамоатҳои шаҳри Исфара мебошад. 28 феврал шуъбаи Хадамоти муҳоҷират, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, филиали МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва МД «Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ» дар ин ҷо ярмаркаи ҷойҳои холии кор баргузор намуданд.

Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ бо корҳои мавсимию доимӣ ва ҷамъиятии музднок, ҳамзамон бо касбу забономўзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ буд.

Аз ҷониби ташкилоту муассиса ва корхонаҳо ба корҷўяндагон 320 ҷойи холии кор бо музди меҳнатӣ аз 400 то 2000 сомонӣ пешниҳод гардид. Дар ҷамъ ба ярмарка 375 нафар шаҳрвандон ташриф оварданд. Аз ҷумлаи онҳо 7 нафар ба кори доимӣ роҳхат гирифтанд ва 15 нафар барои касбомўзӣ дар курсҳои кўтоҳмуддат номнавис шуданд.

Аз ҷониби ташкилкунандагон дар рафти ярмарка корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамроҳандозӣ шуд.

 

                                                                 Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                       дар шаҳри Исфара

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо