Қарори дахлдор ба тасвиб расид

[:tj] 

Ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2017, №506 «Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2020» ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 23 декабри соли 2016, №540 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи миёнамуҳлати кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2020» дар асоси хулосаи муҳандисӣ – геологии корхонаи воҳиди давлатии «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум» 10 июни соли равон таҳти №230 қарори раиси шаҳри Панҷакент «Оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба 13 нафар шаҳрвандони дар минтақаҳои хавфнок қарордоштаи деҳаҳои Зиддӣ ва Рӯзи Обноки ҷамоати деҳоти Ёрӣ, деҳаи Ғезани ҷамоати деҳоти Моғиён ва деҳаи Амондараи ҷамоати деҳоти Амондара» ба тасвиб расид.

Тиқи қарори мазкур ба 9 оилаи сокинони деҳаи Зиддӣ аз мавзеи Чоштеппа, ба 2 оилаи сокини деҳаи Рӯзи Обнок аз мавзеи Дашти Боло, ба 1 оилаи сокини деҳаи Ғезани Боло аз мавзеи Мағали Осиё ва ба 1 оилаи сокини деҳаи Амондара аз мавзеи Дашти Малла ба масоҳати 0,06 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо мешавад. Мавзеъҳои бехавфи болозикри барои муҳоҷирони экологӣ пешбинишуда дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти истиқомат мекардаашон воқеъ мебошанд.

Барои муҳоҷирони экологӣ бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар муҳлати як моҳи баъди баимзорасии қарор мувофиқи тартиби муқарраргардида қитъаҳои заминро бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ тақсим менамояд. Таъмин намудани онҳо бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатиро Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Панҷакент тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №233 ройгон анҷом медиҳад.

Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират, бахши раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда ва мудофиаи граждании вилоят дар шаҳри Панҷакент, филиали Бонки давлатии амонатии «Амонатбонк» дар шаҳри Панҷакент, ҷамоатҳои деҳоти Ёрӣ, Моғиён ва Амондара барои омода намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор, дастрас сохтани қарзи имтиёзнок, назорати рафти бунёди манзили истиқоматӣ ва сафарбар намудану кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ масъул мебошанд.

Шуъбаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологии раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд рафти иҷрои қарори мазкурро таҳти назорати қатъӣ қарор хоҳад дод.

                                                                                     Мардон ҚУРБОНОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо