Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар охири асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.
Маҳз аз ҳамин хотир, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби дигар, бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафти ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, бахши Хадамоти муҳоҷират ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ноҳиявӣ байни кормандон ва аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таҳти унвони “Беҳтарин донандаи Конститутсия” баргузор гардид, ки дар рафти он раиси Кумитаи иҷроия Қосимзода Маҳтоб Пир, муовини раиси ноҳияи Варзоб Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Варзоб” Маҷнуни Карим, намояндаи шуъбаи маориф Сайфиддин Ҳусейнов, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Олимзода Орифҷон Олим ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Нахуст, Кумитаи тадорукотӣ иштирокчиёни озмунро бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, баъдан таъкид карданд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлӯҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифт ва роҳҳову самтҳои инкишоф ҷомеаро муайян намуд. Нуқтаи асоситарини татбиқи ин ислоҳот қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 мебошад, ки таҷассумгари бақои давлату ҷамъият мебошад. Яъне, ҳар қадар дар ҷомеа тартиботи ҳуқуқӣ дуруст риоя шавад, ҳамон андоза ба пешрафт муяссар мегардад. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар амал татбиқ мегардад.
Баъдан, аз ҷониби аъзоёни ҳакамони озмун иброз гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини замони соҳибистиқлолии кишвар ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ тавонист, ки рисолати ҳуқуқро амалӣ намуда, заминаи бунёди низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар гардад.
Илова бар ин, аз ҷониби аъзоёни ҳакамон таъкид гардид, ки вазифаи тарбияи ҳуқуқӣ донистани ҳуқуқ ва вазифаҳои муқарраршуда ва риояи онҳо мебошад. Риояи Конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намудан, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, супоридани андозҳо, пардохтҳо ва ғайра сатҳи маърифат ва ахлоқи шаҳрвандро баланд намуда, мавқеи ҷамъиятии ӯро устувор мегардонанд.
Дар ин замина, ёдрас менамоем, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи қонундонӣ, дарёфт намудани чеҳраҳои қонундон, тартиботи ҷамъиятӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ, аз ҷумла Конститутсия, тақвият бахшидани омӯзиши он дар байни шаҳрвандон ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ба роҳ монда мешавад.
Инчунин, маврид ба зикр аст, ки баргузор намудани чунин озмунҳо миёни шаҳрвандон барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, азхуд намудани донишҳои ҳуқуқӣ, дуруст дарк намудани Конститутсия ва риояи он, санҷидани донишу малакаи худ, пайдо намудани робитаи зич бо дигарон ва мубодилаи таҷриба мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, қобили қайд аст, ки донишҳои ҳуқуқии иштирокдорони озмун аз рӯйи донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тафсири моддаҳои он муайян карда шуд.
Тазаккур бояд дод, ки пас аз ҷамъбасти озмуни болозикр ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукотӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

