• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Қадами Наврӯзи хуҷастапай муборакамон бод!

Migration Service by Migration Service
20.03.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Қадами Наврӯзи хуҷастапай муборакамон бод!
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ба сарзамини биҳиштосои тоҷикон бузургтарин, зеботарин, муқаддастарин ҷашни мардумӣ – Наврӯзи ҳуҷастапай қадам мегузорад. Ин ҷашн таърихи неку қадима ва ҳазорсола дораду оғозашро ба аҳди шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Бо фарорасии ин иди бедории табиат хурду бузург ба ҳаракат меоянд. Мекӯшанд, то нафареро шод, манзилеро обод, ниятҳои неки дардилдоштаи худро амалӣ гардонанд.

Бо ташаббуси неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи Аҷам аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гашт. Инак, он дар аксари давлатҳо чун оғози соли нави ориёӣ, ибтидои зиндашавию шукуфоии табиат бо шукуҳу тантанаи хоса қайд карда мешавад.

Шукр мекунем, ки туфайли сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон аҳди дӯстию рафоқат, эҳсону муҳаббат, бунёдкорию созандагӣ зина ба зина густариш меёбад. Бадию хусумат аз дилҳо берун мегарданд. Дар арафаи Наврӯз кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон, ба шаҳри Бишкек сафар кардани Президенти ҷумҳуриамон, дастфишорию шодмонии ду халқи ба ҳам дӯст, ки кайҳо боз интизори чунин лаҳзаҳои хотирмон буданд, далели ин гуфтаҳост.

Устодону донишҷӯён ва кормандони таълимгоҳамон низ Наврӯзи фархундапайро бо табъи болида ва чеҳраҳои пур аз умеду орзу истиқбол мегиранд. Дар муассисаи таълимӣ шудгори замин, ниҳолшинонӣ, кишти гулу буттаҳо идома дорад. Ҳамасола дар арафаи иди Наврӯз ташкил кардани ҳашари оммавӣ, ба ин васила ба ифоқа овардани синфхонаҳо, долору саҳни таълимгоҳ, ҷӯйканӣ, батартибоварии кӯчаҳо ҳукми анъанаро гирифтааст. Ҳар як донишҷӯ, ҳар як устод ва кормандони дигар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо амалҳои хайру савоб, аз ҷумла кумак расонидан ба муҳтоҷе, шод сохтани диле, обод намудани гӯшае, навоварию ташаббускорӣ дар қайди Наврӯзи фарвардин саҳм гиранд. Бо амалҳои нек халқу Ватанро шод гардонанд.

Омад-омади рӯзи нахустини моҳи фарвардин, баробарии шабу рӯз, оғози баҳори фархундапаю киштукори деҳкониро ба кулли устодону донишҷӯён ва кормандон самимона таҳният мегӯям. Бигзор, ин Наврӯз барои якояки шумо оғози фатҳу кушоишҳои тозабатоза, соли бобарор гардад.

Эй халқи азизи ман, Наврӯз муборак бод,

Ҷашни фараҳу шодӣ ҳар рӯз муборак бод.

Ахмедов Мустақим,

Сардори шубаи Хадамоти муҳочират дар шаҳри Исфара

Previous Post

Кор дар ширкати “Ал-Ҷассур”-и Давлати Қатар

Next Post

Дар ин давраи ҳассос бояд ҳушёр ва эҳтиёткор бошем!

Next Post
Дар ин давраи ҳассос бояд ҳушёр ва эҳтиёткор бошем!

Дар ин давраи ҳассос бояд ҳушёр ва эҳтиёткор бошем!

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.