Кормандони шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе корҳои иттилоотӣ-маърифатиро дар Фурудгоҳ ҷоннок намуда, имрӯзҳо ба садҳо нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути парвоз ба Федератсияи Россия равонаанд, роҳандозӣ намуда истодаанд.
Бояд қайд кард, ки муроҷиаткунандагон аслан аз кормандони масъули Шуъба санҷиши шиносномаи худ ва маҷбуран берункардан (депортация), иҷозаи кор, патент, оид ба навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия пурсон мешаванд.
Айни замон кормандони Шуъбаи мазкур корҳои фаҳмондадиҳиро дар танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ пурзур намуда, бо ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ сӯҳбатҳо гузаронида, маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Ба ғайр аз ин, ба он нафароне, ки муроҷиат мекунанд, маводҳои иттилоотӣ оид ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ройгон супорида мешавад.
Ҳамзамон кормандони масъули Шуъба вобаста ба доғи рӯз, имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоии интернет воситаи асосии ҷалб, намудан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ гардидааст, ки хатари онро мо бояд бозудӣ дарк намоем ва наздикону пайвандони худро аз ин хатари оммавӣ эмин нигаҳ дорем.
Аз шабакаҳои иҷтимоӣ, бо риояи қоидаҳо бояд истифода барем.
Ҳангоми интихоби дӯстон дар шабака бояд аз одамони ношиносу шубҳаовар худдорӣ намоем.
Пеш аз ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ онро хуб омӯзем, зеро ифротиён сараввал ягон гурӯҳи маърифатӣ ё фарҳангию иттилоотӣ таъсис медиҳанд ва баъди пайдо намудани иштирокчиёни зиёд маводҳои хусусияти террористию экстремистидоштаро ба он ворид месозанд.
Пеш аз ба зери расм, матн ё навор шарҳ навиштан, маъқул донистан ё ҳамовозӣ кардан бояд сараввал мазмуну муҳтавои онро дақиқ фаҳмида, ҳангоми хусусиятҳои ифротӣ, ҷудоиандозӣ, кинаву адовати миллию нажодӣ, динию мазҳабӣ ё зидди сохтори конститутсионии давлат будани мазмуну мӯҳтавояш, агар тавонем, мутахассис бошем, дар шарҳ нодурустии онро нависем ва исбот намоем, дар акси ҳол бояд аз ин амалҳо ҳатман худдорӣ намоем.
Барои саривақт ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта ҳангоми дар “Телеграмм”, “Инстаграм”, ”Вайбер”, “Ватсап”-и шумо пайдо шудани гурӯҳ, ки касе шуморо ҳамроҳ намудааст ва маводҳои диниву ифротӣ дорад, дарҳол бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод.
Бо ин амалатон шумо пеши роҳи ифротгароиро, ки оянда ба терроризм мебарад, гирифта метавонед.
Инчунин, моро зарур аст, ки дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо эҳтиёткориро аз даст надода, ба ваъдаҳои бардуруғи онҳо фирефта нагардида, мушкилоти худро дар Сафорату, Консулгариҳо ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ФР ё мақомотҳои расмии дахлдори ҳифзи ҳуқуқи давлати қарордоштаи худ ҳал намоем.
Ҳамзамон ба шаҳрвандон маълумот пешниҳод намуданд, ки айни замон дар дохили кишвар барои дарёфти кори мувофиқ ва музди меҳнати арзанда шароиту имконияти хуб мавҷуд буда, ширкатҳои сохтмони, саноатӣ, роҳсозӣ ва дигар корхонаҳои бузург аз қабили НБО «Роғун» ва дигар сохтмонҳои азнавсозии шоҳроҳҳои байналмилалӣ ба мутахассисони соҳибмалакаи ватанӣ эҳтиёҷ доранд.
Бо назардошти ин даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳар як фарди ватандӯстро мебояд аз ин имкониятҳои манфиатдор самаранок истифода бурда, дар ободию созандагии ватани хеш саҳми арзанда гузорад.
Дар фарҷом ба шаҳрвандоне, ки азми сафар доранд буклетҳои роҳнамои Хадамоти муҳоҷират бо номи: Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), Тағйиротҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, Тундгаро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист? Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?, Китобчаи киссагии муҳоҷири меҳнатӣ ва Ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар ҶСК “НБО Роғун” тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе