Хадамоти муҳоҷират ба маълумоти муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки аз 1 марти соли 2026 тибқи Қонуни Федералии № 419-ФЗ аз 17.11.2025 рӯйхати асосҳо барои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрванди хориҷӣ васеъ карда шуд.
Аз санаи зикршуда корфармоён ҳуқуқ пайдо карданд, ки шартномаи меҳнатиро бо кормандони хориҷӣ дар ҳолате бекор намоянд, ки агар субъекти Федератсияи Россия нисбат ба намуди муайяни фаъолияти меҳнатии онҳо маҳдудият ҷорӣ намояд.
Қаблан Кодекси меҳнатии Федератсияи Россия танҳо дар ҳолати ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар сатҳи федералӣ имконияти қатъ намудани шартномаи меҳнатиро бо шаҳрванди хориҷӣ пешбинӣ мекард. Тағйиротҳои воридшуда ин рӯйхатро бо асосҳое, ки ба қарорҳои мақомоти давлатии субъектҳои Федератсияи Россия вобастаанд, пурра менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки аз соли 2015 субъектҳои Федератсияи Россия ҳуқуқ доранд ҳамасола нисбат ба ҷалби кормандони хориҷие, ки ба Федератсияи Россия дар низоми бидуни раводид ворид шуда, дар асоси патент фаъолият мекунанд, барои намудҳои алоҳидаи фаъолияти иқтисодӣ маҳдудият муқаррар намоянд.
Бо матни пурраи қонуни мазкур метавонед тавассути пайвандаки зерин шинос шавед: http://www.kremlin.ru/acts/bank/52594
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

