«Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст.
Бинобар ин, мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему дар шукуфоӣ гаштани Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.
Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба неруи қудратманди муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд.
Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои зиддидавлатӣ саҳми сазовор гузоштанд.
Тайи 31 соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадид гузаштанд ва имрӯз ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфта, барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такомул меёбад.
Инчунин, тӯли 31 сол афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой овардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронияшон иброз доштанд: «Тайи солҳои сипаришуда даҳҳо ҳазор ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далериву шуҷоат, яъне хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гузашта, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намудаанд ва борҳо собит сохтаанд, ки Артиши миллӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа бо сарбаландӣ баромада метавонад».
Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан-Модар шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург доранд.
Дар воқеъ, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як шахси солимфикр, бообрӯ ва нангу номуси давлатамон мебошад.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронияшон қайд карда буданд «Дар чунин шароит тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ-аз сарбози қаторӣ то афсарони баландрутба вазифадоранд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва хизмати содиқона ба манфиати халқу Ватан сафарбар созанд».
Дар натиҷаи ислоҳоти ҳарбӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд.
Ҳамасола қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста сайқал медиҳанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардидани шароитҳои моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоиии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд.
Бигузор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.
Бо итминон метавон зикр намуд, ки бисёре аз ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон-Тоҷикистони биҳиштосо ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Қобили қайд аст, ки имрӯз бо дастгирӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳуриямон дидбонгоҳои сарҳадии замонавӣ бо тамоми шароитҳои хизматбарӣ сохта шуда, бо таҷҳизотҳо ва техникаҳои ҳозиразамон таъмин карда шуданд.
Шароити хуби қисмҳои низомӣ, таъминоти воситаҳои лозимӣ, рафтуо ва хабаргирии онҳо аз тарафи волидайн ва пайвандон хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Ҳайати шахсии афсарону аскарон имрӯз дар симои ҳар яки Шумо шахсони ҷонфидо ва ҳомиёни давлату миллат дида мешавад, ки воқеан саҳми Шумоён дар раванди таъмини суботи комил, пешравии доимии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ назаррас буда, дар оянда низ барои устувории пояҳои давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва эъмори ваҳдату ягонагӣ саъю кӯшиши худро дареғ надошта, хизмати софдилонаву далерона ва адолатхоҳонаро ҳадафи асосӣ қарор хоҳед дод.
Дар ин рӯзи фаромӯшнашаванда ҳамаи шуморо бо ин ҷашни таърихӣ, таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба Шумо саломатӣ, осоиши рӯзгор, хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, муваффақияту комёбиҳои беназирро орзу менамоям.
Орифҷон ОЛИМЗОДА,
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб