Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзи ва суботи давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Артиши миллӣ пас аз ба даст овардани Истиклоли давлатӣ таъсис ёфта, имрӯз ба як ниҳоди пуриқтидор ва боэътимод табдил ёфтааст.
Вазифаи асосии Қувваҳои мусаллаҳ ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амният ва оромии ҷомеа мебошад. Дар шароити муосир, ки таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ба миён меоянд, нақши Артиши миллӣ боз ҳам муҳимтар мегардад. Омодагии ҳарбӣ, интизоми баланд ва садоқат ба Ватан асоси фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.
Солҳои охир бо дастгирии давлату Ҳукумат заминаи моддиву техникии Қувваҳои мусаллаҳ мустаҳкам гардида, шароити хизмат беҳтар карда шудааст. Ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб гардида, карзи шаҳрвандии худро адо менамоянд.
Қувваҳои мусаллаҳ на танҳо ниҳоди ҳифзи амният, балки мактаби мардонагӣ, шуҷоат ва тарбияи ватандӯстӣ мебошанд. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бо ифтихор дар роҳи ҳифзи сулҳу субот хизмат менамояд.
Тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими Қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Онҳо таърих ва дастовардҳои гузаштагонро меомӯзанд, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳтироми рамзҳои давлатиро меомӯзанд. Ин омодагӣ ба насли нав имкон медиҳад, ки оянда бо ҳисси масъулият ва шуҷоат барои ҳифзи кишвар ва ҷамъият хизмат кунад.
Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳифзи кишвар ва амнияти миллиро таъмин мекунанд, балки мактаби бузурги шуҷоат ва ватандӯстӣ барои ҷавонон мебошанд. Тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳисси масъулият барои ояндаи Тоҷикистони ободу осуда нақши ҳалкунанда доранд. Ҳар шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ба дастовардҳои Артиши миллӣ эҳтиром гузорад ва ҳисси ватандӯстиро дар худ таҳким диҳад.
Артиши миллӣ кафили сулҳу ороми ва ояндаи устувори Тоҷикистони азиз аст. Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Ҷабборова Дилафрӯз,
Мутахасси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд,

