Ҳамкориҳо густариш меёбанд

[:tj] 

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд, ҷиҳати гузаронидани корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, риояи тартиботи бехатарӣ дар роҳ байни муҳоҷирон дар нуқтаҳои мусофиркашони (автовокзалҳо), як қатор корҳоро ба сомон расониданд.

Аз ҷумла, баҳри ҳамкорӣ ва гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо се корхонаҳои мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд ҶДММ “Роҳи Абрешим”, ҶДММ “Олами сайёҳат” ва  ҶДММ “Пахтакор”  созишномаи ҳамкорӣ баста шудааст.

Мавриди қайд аст, ки дар асоси созишномаҳо дар якҷоягӣ бо намояндагони корхонаҳои нақлиётӣ 10 маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз қабили вохӯриҳо ва гусели шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ ба шаҳрҳои Федератсияи Россия гузаронида шудааст.

Инчунин бо иштироки кормандони масъули Марказ дар МТМУ №29-и Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Гафуров семинар-машварат дар мавзӯъи “Пешгирии воридшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ” бо иштироки муовинони раиси ҷамоат И. Тураева ва А.Негматов, мутахассиси пешбари шуъбаи идеологияи ноҳия М. Расулова, раиси кумитаи маҳаллаи Мусаффо И. Раҳимов ва сокинони маҳалла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҷамъ дар маҷмӯъ 75 нафар баргузор гардид.

Дар рафти ҷамъомади номбурда оиди терроризм ва экстремизм, афзоиши ҷинояти хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, вусъат ёфтани терроризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро, ҷалби ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд, гуфта гузашта, таъкид гардид, ки барои пешгирии воридшавии ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, бояд як қатор барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муассисаҳои таълимӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо бо шаҳрвандон, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шавад.

Чунин вохӯриҳои судманд дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи мазкур, дар назди истгоҳи КВД “Роҳи оҳан”-и шаҳри Хуҷанд воқеъ дар маҳаллаи А.Нозиров №4-и шаҳраки Ғафуров ва фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Хуҷанд воқеъ дар шаҳри Бустон баргузор гардид.

Бояд зик кард, ки тибқи нақшаи кории Марказ чунин ҳамоишҳо бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида мешавад.

                                                           З. ҚУРБОНОВ

                               директори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии

                       пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо