Ҳукумати электронӣ мубориза бар   алайҳи коррупсия

[:tj] 

Ҳукумати электронӣ, чи тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ба комилан баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ мусоидат мекунад.

Дар бобати нақши ҳукумати электронӣ дар мубориза бар зидди коррупсия, муқовимат ба он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид намудаанд.

Махсусан, дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар Паёми соли 2012 барои истифодаи ҳукумати электронӣ дар пешоҳанги муқовимат ба коррупсия нақши калидӣ доранд. Аз ҷумла, дар Паём зикр шуд, ки тавассути ҳукумати электронӣ «номгӯи зиёди хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон ба таври электронӣ сари вақт ва бо сифат расонда шуда, зуҳуроти номатлубе чун бюрократизм ва коррупсия тадриҷан аз байн бурда шаванд».

Ёинки «ҷиҳати таъмини шаффофияти сарфи маблағҳои буҷетӣ ва истифодаи дурусти захираҳои моддиву молиявӣ пешниҳод мегардад, ки мубодилаи электронии маълумот байни мақомоти давлатӣ васеъ ба роҳ монда шавад». Шаш соли сипаришуда нишон дод, ки ин амалҳо то кадом андоза дар муқовимат ба коррупсия ҳалкунандаанд.
Пӯшида нест, ки мутаассифона, ҳоло ҳам аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар хариди давлатӣ аз ҷониби мақомоту ташкилотҳои буҷетӣ ҳодисаҳои коррупсионӣ ошкор карда мешаванд. Ин дар ҳолест, ки дар Паёми соли 2012 махсус қайд шуда буд, ки «барои сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ҳангоми хариди давлатӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар ин самт зарур аст, ки низоми хариди электронии молу маҳсулот бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ҷорӣ карда шавад».

Самти дигари ба коррупсия моилпазир – ин раванди иҷозатдиҳии фаъолият, қабули ҳисоботҳои мухталифи молиявӣ, оморӣ ва маъмурӣ аст. Дар Паёми соли 2012 супориш шуда буд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ «дар давоми як сол ҷиҳати боз то 50 дар сад ихтисор намудани теъдоди иҷозатдиҳӣ ва тавассути низоми электронӣ ба расмият даровардани беш аз 30 дарсади иҷозатдиҳиро таъмин намояд». Дастури дигар он буд, ки «тамоми сохтору мақомоти давлатиро зарур аст, ки дар масъалаи хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ тавассути ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар фаъолияти худ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ чораҳои бетаъхир андешанд. Агентии оморро зарур аст, ки ҷиҳати кам кардани шумораи ҳисоботи оморӣ ва ба таври электронӣ ба роҳ мондани он чораҳои амалӣ андешад». Дар ин самт дар муддати гузашта корҳои зиёде анҷом ёфтаанд. Имрӯз як қатор ҳисоботҳо ба таври электронӣ қабул карда мешаванд.
Чорабиниҳои дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коҳиши назарраси коррупсия дар соҳаи хизматрасониҳои давлатии оморӣ, ташкилию маъмурӣ ва андозӣ, ба қайдгириаш хоси ҳуқуқию воқеӣ, супурдани ҳисоботҳои давраӣ боис шуданд, фаъолияти «Равзанаи ягона» муташшакил, ҷоннок ва фарогир гардид.

Ҳукумати электронӣ ягона воситаест, ки яке аз омили асосии коррупсия – муносибати бевоситаи шаҳрванд ва мансабдорро бартараф менамояд. Ин муносибат одатан бе иштироки шахси сеюм ё бо иштирокчии схемаи коррупсионӣ мегузарад. Дар сурати хизматрасонии электронии давлатӣ чунин муносибат бартараф карда мешавад, зеро муносибати кори шаҳрванд ва мансабдор виртуалӣ сурат мегирад.

Ҳолати дигари ин омил – гардиши ҳуҷҷатҳои расмист, ки бо суистеъмол кардани он аз ҷониби мансабдор ҳодисаи коррупсионӣ сурат мегирад. Дар ҳукумати электронӣ қисмати муҳими он – гардиши электронии ҳуҷҷатҳо буда, ҳама гунна имконияти амалиёти коррупсиониро ғайри имкон мегардонад.

Бе иштироки бевоситаи шаҳрванд рафъи пурраи коррупсия имконнопазир аст. Аз ин лиҳоз ҳукумати электронӣ ягона фазоест, ки иштироки шаҳрванд  дар он ҳатмист, зеро ӯ дар қатори ду унсури асосӣ –давлат, дастгоҳи давлатӣ, соҳибкорӣ унсури таркибии сеюм аст ва бе иштироки он ҳукумати электронӣ ғайри имкон аст. Ҳукумати электронӣ ҳузури доимии роҳбарро дар раванди идоракунӣ тақозо мекунад.

Бинобар ин, дар муқовимат ба коррупсия нақши роҳбари ташкилот муҳим буда, рафтори ӯ барои тобеиён бояд намуна бошад.
Дар айни замон гарчанд дар Тоҷикистон бо коррупсия муборизаи шадид бурда шавад ҳам, аммо, мутаассифона, коррупсия алъон решакан нашуда, ин зуҳуроти номатлуб самаранокии идоракунии давлатиро коҳиш медиҳад.

                                                                         Рухшона Гулмамадзода

                                                               сармутахассиси Бахши кадрҳои

                                                                                     Хадамоти муҳоҷират[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо