Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем

[:tj]Мулоқоти бо сокинони деҳаи Лучоб барпонамудаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб пурра ба мавзўи пешгирӣ ва мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, нашъамандӣ ва ВИЧ-СПИД  бахшида шуд.

Деҳаи Лучоб калонтарин деҳаи ноҳияи Варзоб маҳсуб мешавад ва ҳамасола аз он ҷо ҳам даҳҳо нафар сокинон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Бо назардошти ин, бахши Хадамоти муҳоҷират кўшиш ба харҷ дод, ки теъдоди бештари муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба мулоқот ҷалб шаванд.

Моҳтоб Қосимзода – муовини раиси ноҳия ба аҳли толор мафҳумҳои ифротгароию тундгароиро шарҳ доданд. Дар симои иштирокчиён муҳоҷирони меҳнатӣ ва кулли аҳли ҷомеаро даъват намуд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба доми фиреби душманону бадхоҳони давлату миллатамон наафтанд.

Имрўз ҳадафҳои стратегии давлат ва ҳукумат ин баромадан аз бумбасти камуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқавории кишвар мебошад, мо бояд ҳама дар амалӣ сохтани ин ҳадафҳо ҳисагузор бошем.

Комилҷон Раҷабов – мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия дар баромади худ оид ба будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия барои муҳоҷирон, дигаргуниҳои воридгашта дар қонунгузории навъи он ибрози ақида намуд. Ў қайд намуд, ки аз муҳоҷирон сокинони ноҳия хоҳиш карда шуд, ки барои гирифтани маълумоти дақиқ пеш аз сафар барои кор ба ин кишвар ба бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия муроҷиат намоянд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Таманно Шокирова оид ба пешгирии нашъамандӣ ва ВИЧ-СПИД  гуфта гузашт. Ў қайд намуданд, ки нашъамандӣ вабои аср ба шумор рафта, ҷамъияти моро низ  фаро гирифтааст. Мутаассифона бемории табобатнашавандаи ВИЧ-СПИД рўй ба афзоиш дорад. Ин хатарҳо дар ҷаҳон хатарҳои глобалӣ маҳсуб ёфта, ҳамаи сокинони курраи заминро барои мубориза даъват менамояд. Аз ин сабаб эҳтиёт ними ҳаёт мегўянд, мо бояд худ ва оилаи худ, маҳали худро барои пешгирии ин хатарҳо фаҳмонида диҳем.

Дар ҷамъбасти мулоқот ҳамзамон иштирокчиён ба ривоҷи бунёдкорию созандагии Ватанамон даъват шуданд.

 

                                                                                                          Анвар Юсупов

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо