ҲАДАФ – ҲИФЗИ БОЗОРИ МЕҲНАТИ ДОХИЛА ВА ТАНЗИМИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ

3 сентябри соли равон матлаби ҳуқуқшинос, директори ширкати “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев дар хусуси механизми ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пахш гардид. Дар матлаби мазкур ҳуқуқшинос низоми мавҷудаи ҷалби қувваи кории хориҷиро боиси сар задани як қатор мушкилот барои соҳибкорону сармоягузорон дониста, маҳкум кардааст, ки “ҳатто барои як корманди хориҷӣ ширкати корфармо ҳамчун агентии кадрӣ маҳсуб мегардад ва муваззаф мешавад, ки ҳар семоҳа ба таври ҳузурӣ ба Хадамоти муҳоҷират ҳисобот пешниҳод кунад”. Ва дар идома даъват ба амал овардааст, ки раванди ба кор гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон, махсусан дар вазифаҳои роҳбарӣ, сода карда шавад.

Масъалаи мазкур дар Хадамоти муҳоҷират мавриди омӯзиш қарор гирифт ва аз ҷониби масъулини робита бо ҷомеа сӯҳбати телефонӣ бо муаллифи матлаб доир карда шуд. Зимни сӯҳбат моҳияти асосии масъала – ҳифзи бозори меҳнати дохила, таъмини шаҳрвадони кишвар, ки роҳи сафарашон ба Федератсияи Россия бастааст бо ҷойи кор ва таъмини назорати иҷроиши санадҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти меҳнатии шаҳрвадони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муаллифи матлаб фаҳмонида шуд.

Новобаста аз ин, дар мавриди эроди ҳуқуқшинос бобати “зарарути ҳар семоҳа пешниҳод кардани ҳисобот” бояд қайд кард, ки ин тартиби кор дар ҳамаи кишварҳо ҷорӣ буда, боварӣ дорем, ки дар як сол ҳамагӣ чор маротиба ҳисботи омодаро ба Хадамоти муҳоҷират пешниҳод кардан на барои соҳибкорон ва на барои сармоягузорон мушкиле эҷод намекунад.
Ҷиҳати фаҳмидани дигар дархосту пешниҳодҳои ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев – муаллифи матлаб, ӯ барои сӯҳбат ва шарҳи бештари пешниҳодҳояш перомуни содагардонии механизми додани иҷозат барои кор ба Хадамоти муҳоҷират даъват карда шуд.

Хадамоти муҳоҷират ба Наврӯз Одинаев барои мавқеи устувори шаҳрвандӣ ва ба хабаргузории “Азия-плюс” барои иникоси масоили муҳоҷират ибрози сипос менамояд.

Вокуниш ба матлаби ҳуқуқшинос
Наврӯз Одинаев, ки тавассути шабакаҳои
иҷтимоӣ ва хабаргузории “Азия-плюс” пахш гардид

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо