• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҳайати гурӯҳи кории дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират аз шаҳри Роғун ва ноҳияи Лахш дидан намуданд

Migration Service by Migration Service
30.10.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҳайати гурӯҳи кории дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират аз шаҳри Роғун ва ноҳияи Лахш дидан намуданд
311
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳайати гурӯҳи кории дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират аз шаҳри Роғун ва ноҳияи Лахш дидан намуданд. Мақсади гурӯҳи корӣ, ин ба таваҷҷуҳи сокинони ин минтақа расонидани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Федератсияи Россия, мебошад.

Дар рафти вохӯрӣ таваҷҷуҳи сокинонро ба он ҷалб намуданд, ки  дар моҳи феврали соли 2025 ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии Федератсияи Россия дар соҳаи муҳоҷирони меҳнатӣ тағийру иловаҳо ворид карда мешавад, ки баъди қувваи қонунӣ пайдо намудани онҳо, аз 5 феврали соли 2025, 124 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия ҳамчун муҳоҷирони ғайриқонунӣ қарор мегиранд ва дар руйхати сиёҳ сабт шуда, аз қаламрави Федератсияи Россия берун карда мешаванд.

Бинобар ин, тибқи супориши Роҳбари давлат ва Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои онро зарур аст, ки ҷиҳати муайян намудани макони зисти 124 ҳазор нафар шаҳрандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия ҳамчун муҳоҷирони ғайриқонунӣ қарор доранд, тариқи хона ба хона гашта, ҷиҳати расмикунонии будубоши минбаъда онҳо дар қаламрави Федератсияи Россия, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шавад.

Дар вохӯрӣ махсус қайд карда шуд, ки аз 5 феврали соли 2025 ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия имконияти зиёд дода мешавад, ки бе ҳалномаи суд муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва дигар шаҳрандоне, ки бе иҷозат дар Федератсияи Россия иқомат доранд, аз ҳудуди ин давлат берун (депорт) намоянд.

Инчунин, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки 5 феврали соли 2025 қувваи қонуни пайдо мекунанд, бе ҳуҷҷатгузорӣ (бе патент) дар муддати 90 шабонарӯз соли тақвимӣ метавонанд фаъолият кунанд, инчунин феҳристӣ байқайдгирии шахсони назоратшаванда ҷорӣ карда мешавад, ки шаҳрванд наметавонад бе иҷозати мақомоти дахлдор ҷойи зисташро иваз намояд.

Ҳамзамон, ба сокинони шаҳру ноҳияи мазкур расонида шуд, ки шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор доранд, бояд худро то 5 феврали соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати ФР муроҷиат намуда, ба қайди қонунӣ гиранд ё қаламрави ин давлатро тарк намоянд.

Дар сурати дар муҳлати муайяншуда ба қайди қонунӣ нагирифтан шаҳрванд ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда(депортатсия) ворид гардида, ҳуқуқи рафтан ба ин давлатро аз даст медиҳанд.

Агар шаҳрвандоне, ки дар  руйхати мазкур қарор дошта бошанд ва ФР-ро бо хоҳиши худ тарк кардаанд, ихроҷ (депортатсия) шудаанд ё дар қаламрави Тоҷикистон ё дигар давлат қарор дошта бошанд, нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани муҳри убури сарҳад бо мақсади аз рӯйхати мазкур баровардан ба мақомоти муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод  намоянд.

Агар шумо дорои душаҳрвандӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бошед ё қонунӣ фаъолияти меҳнати менамоед ва дар рӯйхат қарор доред, ҳатман нусхаи шиносномаи худро ба Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират пешниҳод намоед.

Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави ФР қарор доранд, метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ФР оид ба муҳоҷират тавассути телефонҳои дар зер нишон дода шуда, муроҷиат намоянд.

Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират tajmigration.ru ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj истифода намоед.

Телефонҳо барои маълумот: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ:  250-32-40; 250-32-09; 250-32-42, Хадамоти муҳоҷират: 225-05-95; 225-05-89; 225-05-77. Вазорати корҳои дохилӣ: 227-86-31; 221-98-12; 938762626; 939220684.

Минтақаи марказӣ (вилояти Москва)

1. Азимӣ Дилрабо Амиркул + 7 (495) 967-98-44 prmstj@mail.ru

2, Вализода Назарали Нурали +7 (967) 271-02-02 prmstj@mail.ru

3. Холназаров Ромиш Имомназарович +7 (929) 540-88-88 prmstj@mail.ru

4. Зарифов Бахтиёр Тугайевич +7 (495) 967-98-44 .prmstj@mail.ru

5. Дустов Комрон Сайдахмадович+7 (988) 676-00-00 prmstj@mail.ru

6. Амирхонзода Субхон Бахрон +7 (966) 031-22-22 prmstj@mail.ru

7. Холов Довар Мирзоёрович +7 (936) 174-19-92 prmstj@mail.ru

Минтақаи Урал

Минтақаи Сибир

Юсуфалиев Баҳром Равшанхонович+7(929) 388-54-11

 bahrom.yusufaliev1972@mail.ru

Минтақаи Приволжск

Курбонализода Зафар Курбонали +7 (926) 311-52-53 zafarmuhojirat@mail.ru

Минтақаи шимолу ғарбӣ (Санкт-Петербург)

Джонмахмадов Фурузон Фархудинович

+7 (977) 963-25-69 jonmahmadovfuruzon@gmail.com

Минтақаи Ҷануб (Краснодар)

Мирзозода Хуршед Насриддин +7 (996) 120-77-77 hursedm129@gmail.com

Дар ҳолати муайян кардани сокинони шаҳри Роғун ва ноҳияи Лахш, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва Федератсияи Россия қарор доранд, ҷиҳати чораҳои андешидашуда, ба дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Ҷаласаи корӣ назди муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират

Next Post

Башаҳрвандон дастурҳои муфид дода шуд

Next Post
Башаҳрвандон дастурҳои муфид дода шуд

Башаҳрвандон дастурҳои муфид дода шуд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.