Ҳамарӯза бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба муҳоҷиратӣ бехатар, пешгирии пайвастани муҳоҷирон ба сафҳои гурӯҳҳои ифротгароии динӣ, савдои одамон ва қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баргузор шуда истодааст.
Дар ҷараёни суҳбат ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари номбурда, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, ба муҳоҷирон вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, дар канор будан аз таблиғоти гурӯҳҳои ифротгароӣ ва паёмакҳои телефонӣ ва ваъдаҳои бардурӯғи шахсони ношинос маълумот дода, тавсия дода шуд, ки дар сурати дучор шудан ба ин амалҳо Шумо метавонед мушкилоти худро ба воситаи намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳал намоед.
Дар охир аз ҷониби кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб ба шаҳрвандон брошюраҳои роҳнамои пеш аз сафар оиди фаъолияти меҳнатӣ дар каламрави Федератсияи Россия ва қоидаҳои нави ин кишвар тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

