Кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ҳамарӯза ба садҳо нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия сафар доранд, вохӯриву мулоқот доир намуда, оид ба вазъи муҳоҷират ва қонунгузории нави ин кишвар дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар, инчунин оиди бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Ҳамзамон, ба самъи шаҳрвандолн расонида шуд, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126, оиди кам мондани мӯҳлати ба роҳ мондани фаъолият ва будубоши қонунӣ худ ба кашолакориҳо роҳ надиҳанд ва ба мақомоти корҳои дохилии минтақаи фаъолияташон муроҷиат намуда, вазъи ҳуқуқии худро қонунӣ намоянд.
Инчунин, ба маълумоти муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки қоидаҳои техникаи бехатириро дар объекти мазкур бинобар пешгирии ҳодисаҳои нохушу ғайричашмдошт қатъиян риоя намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба ҳар як шаҳрванд дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ брошюра, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират