Кормандони шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар «Истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе имрӯзҳо корҳои иттилоотӣ-маърифатиро бо муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути қатора сафари кишвари Россия доранд, пурзӯр намуда истодаанд.
Кормандони шуъбаи мазкур мунтазам зимни ба сафар рафтан ва аз сафар баргаштани шаҳрвандони мамлакат вохурӣ намуда, дар масоили муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, оид ба камбудиҳо ва проблемаҳои ҷойдошта нисбат ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла гирифтани патент, донистани забони русӣ ва касбу ихтисос суҳбат намуда, ба онҳо буклетҳо тақдим намуданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо ва пурсишҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ бештар ба доштани касбу ихтисос ва забондонии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Барои кӯмак ва ёрии амалӣ расонидан ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар Истгоҳи роҳи оҳан буклетҳо, овезаҳо ба тағйиру иловаҳо оид ба қонунгузории Федератсияи Россия маълумотҳо пешкаш карда, инчунин телефонҳои боварӣ шабонарӯзӣ фаъолият менамояд.
Мутобиқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.2009 №622 яке аз вазифаҳои асосии Шуъба баҳисобгирии муҳоҷирон ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон -шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа мебошад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе