Кормандони шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар “Истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе”-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, имрӯзҳо корҳои иттилоотӣ-маърифатиро бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути қатора сафари кишвари Россия доранд, пурзӯр намуда истодаанд.
Кормандони шуъбаи мазкур мунтазам зимни ба сафар рафтан ва аз сафар баргаштани шаҳрвандони мамлакат вохӯрӣ намуда, дар масоили муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, оид ба камбудиҳо ва проблемаҳои ҷойдошта нисбат ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла гирифтани Сертификати донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории кишвари номбурда, Патент, доштани касбу ихтисос суҳбат намуда, ба онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо ва пурсишҳо бо шаҳрвандон бештар ба доштани касбу ихтисос ва забондонии онњо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Барои кӯмак ва ёрии амалӣ расонидан ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе” брошюраҳо, овезаҳо ба тағйиру иловаҳо оид ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, маълумотҳо пешкаш карда, инчунин телефонҳои боварӣ шабонарӯзӣ фаъолият менамояд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯриву суҳбатҳо ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар қонунгузории Федератсияи Россия тағйироти муҳиме ба амал омадааст, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дахл дорад.
Аз 1 июли соли 2025 тибқи Қонуни федералии Федератсияи Россия № 303-ФЗ аз 08.08.2024 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия” қоидаҳои нави истифодаи хадамоти алоқа ҷорӣ карда мешаванд.
Чӣ тағйир меёбад?
Ҳамаи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ вазифадоранд, ки маълумоти биометрии худро тавассути портали Госуслуги (www.gosuslugi.ru) пешниҳод намуда, дар низоми ягонаи биометрӣ (ЕБС) ба қайд гиранд.
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ЕБС ба қайд гирифта нашудаанд, наметавонанд SIM-корт истифода баранд (занг, интернет, паёмрасонҳо ва ғайра).
Операторони алоқа вазифадоранд пайвастшавии корбаронеро, ки биометрияи худро тасдиқ накардаанд, махкам намоянд.
Шумо чӣ бояд кунед?
Дар портали “Госуслуги” ба қайд гиред, агар ҳанӯз ҳисоби корбар надошта бошед.
Маълумоти биометрии худро (акси рӯй ва намунаи овоз) дар марказҳои махсус ё МФЦ (марказҳои хизматрасонии давлатӣ), ки ҳуқуқи ҷамъоварии биометрия доранд, пешниҳод намоед.
Бовар ҳосил намоед, ки маълумоти шумо ба Низоми ягонаи биометрӣ (ЕБС) ворид шудааст.
Санҷед, ки рақами телефони шумо бо биометрияи шумо пайваст шудааст.
Лутфан таваҷҷуҳ намоед:
Бе иҷрои ин талабот шумо наметавонед аз алоқаи мобилӣ дар Россия истифода баред.
Қонун ҳам ба муштариёни нав ва ҳам ба истифодабарандагони ҷорӣ дахл дорад.
Раванди сабти биометрия бепул аст.
Тавсия дода мешавад, ки пешакӣ сабти ном кунед, то аз қатъ гардидани алоқа ва ноқулайи ҷилавгирӣ шавад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе