Ҳамарӯза кормандони шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе корҳои иттилоотӣ – маърифатиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ-муҳоҷирони меҳнатӣ ҷоннок намуда, омодаанд ба онҳо кумак намоянд.
Бояд қайд кард, ки он нафароне, ки ба Шуъба муроҷиат мекунанд, аслан оид ба қонунҳои нави Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва қоидаҳои будубош дар ин кишвар пурсон мешаванд. Аз ҷониби кормандони Шуъба ба саволҳои додашудаи шаҳрвандон ҷавобҳои мушаххас дода, ба онҳо барои омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла гирифтани Сертификати донистани забони русӣ, патент, қайди муваққатӣ, иҷозаи кор ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз маълумот дода мешавад.
Айни замон дар шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе руйхати шаҳрвандоне, ки воридшавии онҳо ба кишвари Федератсияи Россия манъ карда шудааст, мавҷуд мебошад.
Дар маросими гусели муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби кормандони Шуъба ба ҳар як нафар шаҳрванд маводҳои иттилоотӣ оид ба муҳоҷирати бехатар супорида мешавад.
Мутаассифона, имрӯзҳо қисми зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон омодагӣ ба Федератсияи Россия равона мегарданд, онҳо ба ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд ва ҳамзамон дар маҳзани маълумоти муваққатии манъшудагон ворид мегарданд. Баъд аз бозгашт, онҳо ҳуқуқи ба ин кишвар дубора ворид шуданро надоранд, боиси нигаронист.
Аз ин лиҳоз, Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари Россия доранд, хоҳиш карда мешавад, ки аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии ФР огаҳ бошанду, онро ба пуррагӣ риоя намоянд.
Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе