17 октябри соли 2025, Роҳбари ширкати Japan Earth Moving Constructors Association ҷаноби Кенҷи Хосака ва ҳамроҳони ӯ ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Сараввал Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо меҳмононро хайрамақдам гуфта, вобаста ба фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ суханронӣ намуд.
Дар рафти мулоқот Сардори Хадамот дар бораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи бехатарӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон ва донистани забонҳои хориҷӣ андешаронӣ намуд.
Роҳбари ширкати номбурда ҷаноби Кенҷи Хосака пас аз изҳори сипос барои суханони гарми Сардори Хадамоти муҳоҷират, омодагии худро барои саъйи бештари таҳкими равобити дуҷониба баён намуда, инчунин умеди ҳамкории самаранок барои интиқоли муташаккилонаи қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҷопон изҳор кард.
Аз ҷумла, иброз намуд, ки барои фаъолияти меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Ҷопон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман курсҳои омӯзиши забони ҷопонӣ барои муошират, ки ду моҳ идома мекунад, аз худ намоянд. Шаҳрвандоне, ки аз санҷиш бомуваффақият мегузаранд, барои фаъолияти меҳнатӣ дар ширкатҳои сохтмонии Ҷумҳурии Ҷопон фиристода мешаванд. Омӯзиши забони ҷопонӣ аз ҷониби ширкати номбурда пурра пардохт карда мешавад.
Дар рафти фаъолияти меҳнатӣ шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо маоши хуб, ҷойи хоб ва сару либоси коргарӣ таъмин карда мешаванд.Дар фарҷомӣ вохӯрӣ ҷаноби Кенҷа Хосака ва ҳамроҳони ӯ аз фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дидан намуданд. Вохӯрӣ дар фазои озод ва якдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират