• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҳамкории судманд бо вилояти Томск

Migration Service by Migration Service
28.08.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҳамкории судманд бо вилояти Томск
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Санаи 27 августи соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо ҳайати гурӯҳи кории вилояти Томски Федератсияи Россия таҳти роҳбарии муовини губернатори вилояти Томск Грузных Светлана Николаевнаро  ба ҳузур пазируфт.

Сараввал Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо меҳмонони олиқадро хайрамақдам гуфта, ба ҳозирин оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, аз ҷумла, дар бораи фаъолияти МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ маълумоти мухтассар пешниҳод намуд.  

Дар рафти мулоқот Сардори Хадамоти муҳоҷират дар бораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи бехатарӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки айни замон дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла омӯзиши забони русӣ, андешаронӣ намуд.

Дар навбати худ муовини губернатори вилояти Томск Грузных Светлана Николаевна иброз дошт, ки  ҳадаф аз сафари мазкур ба Хадамоти муҳоҷират, ин ташкил намудани Марказҳои тестӣ дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати супоридани имтиҳонот ва гирифтани Сертификат аз забони русӣ, таъриху тамаддун ва қонунгузории Федератсияи Россия тариқи онлайн мебошад. Ин имконият медиҳад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Марказҳо омада бе мамоният барои гирифтани Сертификат имтиҳонот супоранд.

Инчунин, иброз намуд, ки айни замон дар Тоҷикистон ягона Маркази сершуғли аҳолӣ кушода шудааст, ки тамоми хоҳишмандонро қаноат карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, мо тамос гирифтем, ки чунин Марказҳои тестиро, ки фаъолияти онҳо тариқи онлайн баргузор мегардад, дар Хадамоти муҳоҷират ташкил намоем.

Ҳамзамон, Светлана Николаевна махсус қайд намуданд, ки баъди ба хулосаи ягона омадани Тарафҳо байни Хадамоти муҳоҷират ва Донишгоҳи давлатии Томск Созишномаи ҳамкорӣ баста мешавад.  

Дар фарҷоми мулоқот ҳайати гурӯҳи кории вилояти Томск таҳти роҳбарии муовини губернатори вилояти Томск Грузных Светлана Николаевна аз фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ва бинои нави Хадамот, ки айни замон сохтмони идома дорад, дидан намуданд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират  
Previous Post

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст

Next Post

Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Next Post
Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.