15-уми ноябри соли 2024, дар Театри давлатии академии драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – меъмори давлатдории навини тоҷикон” ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.
Дар он роҳбарияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, намояндагони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доштанд.
Нахуст, қисмати расмии ҳамоиши бошукӯҳ бо суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода оғоз ёфт.
Мавсуф, нахуст кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар пойтахтро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки саҳифаҳои дурахшони таърихи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели возеҳанд, ки 16-уми ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани 16-уми ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст, иброз дошт Иброҳим Мирзозода.
Гуфта шуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзест, ки мову шумо дар ин рӯз меҳру муҳаббат ва самимияти бепоёни худро ба саҳми Пешвои муаззами худ мерасонем, аз ин рӯ, чорабинии имрӯза низ меҳрномаи кулли аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб бошад, чанде аз шеърҳои ватандӯстона ва бахшидаи худ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қироат намуд, ки аз ҷониби ҳозирин ба истиқлоли гарм рӯ ба рӯ гардид.
Дар идома ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии “Кумитаи беҳтарин”, “Ташкилоти беҳтарин”, “Раиси ташкилоти беҳтарин”, “Вакили беҳтарин”, “Таблиғотчии беҳтарин”, “Хабарнигори беҳтарин”, “Хонаи беҳтарин”, “Кӯчаи беҳтарин”, “Маҳаллаи беҳтарин”, “Боғи беҳтарин”, “Гулгашти беҳтарин” ва “Майдончаи варзишии беҳтарин” бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, дар маросими тантанавӣ ба Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Муҳоҷир”-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо, барои ғолиб омадан дар озмуни ноҳиявӣ “Ташкилоти беҳтарин” бо диплом ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Дар охир барномаи фарҳангии ҷолиб, иборат аз шеъру таронаҳои марғуб ва тарғибгари ватандӯстиву хизматҳои шоистаи Пешвои миллат ба ҳамоиш ҳусну таровати дигар бахшид.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират