• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҳамватанони бурунмарзӣ-шарикони боэътимоди рушди кишвар

admin by admin
15.09.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
310
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

14 сентябри соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нодирзода Иматшо як гурӯҳ роҳбарони марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикони Федератсияи Россияро ба ҳузур пазируфт.

Бояд иброз намуд, ки рафти иҷрои бандҳои Нақша – чорабиниҳо оид ба амалигардонии “Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025” дар мавзуи имкони иштирок дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои маҳаллии самоягузорӣ, ҷалби дороии (сармояи) диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон), соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои рушди соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, тандурустӣ, маориф, хизматрасонии иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, басо муҳим мебошад.

Зимни вохӯрӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо ва ҷалб намудани диққати соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзии шароитдошта ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба саҳмгузорӣ дар ободонии диёр ибрози ақида намуд. Аз ҷумла, қайд кард, ки минбаъд сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ҳамкориро бо марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ боз ҳам мустаҳкам хоҳад намуд.

Аз ҷониби худ, роҳбарони марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикони кишвари Россия, азмгузоранд, ки ҳамкориро бо Хадамоти муҳоҷират мустаҳкам намуда, баҳри иҷрои вазифаву нақшаҳои дар пеш истода, дар ҳамбастагӣ кӯшиш намоянд.

Ҳамзамон онҳо пешниҳод намуданд, ки Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзии назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар як сол ду маротиба вохӯрии ҳамватанонро баргузор намоем.

Дар он масъалаҳои мубрами рӯз фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ҳалу фасли худро ёбанд.

Дар вохӯрӣ роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони кишвари Россия чанд сухан дар бораи талаботи қонунгузории ФР оид ба будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони мамлакат дар ин кишвар маълумот дода, дар самти пешгирии ҳолатҳои пайвастани бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ андешаронӣ намуда, арз карданд, ки масъулиятро дар ин самт бештар зоҳир менамоянд.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо пешниҳод намуд, ки бояд марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикони Федератсияи Россия ҷиҳати ҷамъ овардани маълумоти муфассал дар бораи ҳамватанон ва соҳибкорони бурунмарзӣ, ки дар корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманд, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, бунёди иншоотҳо, ғамхорӣ нисбати ҳамватанон дар дохили Тоҷикистон ё дигар кишварҳои хориҷӣ саҳми арзанда гузоштанд, маълумоти муффасал пешниҳод намоянд.

Мавриди зикр аст, ки аз фаъолияти босамар ва иқдомҳои ватандӯстонаи марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикон дар Федератсияи Россия, аллакай ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар рӯзҳои мушкил паҳлӯӣ ҳамватанон ҳастанд ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Ҷамъиятҳои тоҷикони кишвари Россия пеш аз ҳама аз иқдомҳои наҷибона дар пайравӣ аз суханрониҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, зеро ба таъкиди сарвари давлат дар рӯзҳои сахту вазнин дасти ёрию кӯмак дароз намудан ба эҳтиёҷмандону ниёзмандон аз некутарин амалҳои хайру савоб ба шумор меравад.

Чунин ҳимматбаландию дастгирии ҳамватанон дар шароити кунунӣ бори дигар аз ҳуввияти баланду некукории мардуми тоҷик дарак медиҳад.

Дар интиҳои вохурӣ, ҷонибҳо ба оғози ҳамкории навин барор хоста, дар хусуси шурӯӣ кор дар самти танзими муҳоҷират изҳори умедворӣ намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар мактаб-парваришгоҳи ба номи Дадоҷон Бойматов

Next Post

Чорабинии навбатӣ дар МТМУ №7 – и шаҳри Конибодом

Next Post

Чорабинии навбатӣ дар МТМУ №7 – и шаҳри Конибодом

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.