Санаи 13 августи соли раовн ӽангоми бориши пуршиддати борон ва омадани сел дар ҳудуди аксарият шаҳру ноҳияҳои ҷумӽурӣ, аз ҷумла ба хонаӽои истиқоматии сокинони ноӽияи Айнӣ низ ҳисороти зиёди моддиву маънавӣ расонид.
Дар ин офати табии бештар сокинони деӽаи Искодари Ҷамоати деӽоти Дар-дар ва деҳаи Гузари боди Ҷамоати деҳоти Рарз зарар диданд.
Бо супориши роӽбарияти Олии кишвар Асосгузори сулӽу ваӽдати милли, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамаи ҳолати ба вуҷуд омада мавриди омӯзиш қарор гирифта хисорот ва зарари расонидашуда мунтазам бартараф карда шуда истодааст.
Ҳамарӯза бо супориши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳашари умуми ташкил карда шуда барои бунёди хонаӽои истиқоматӣ дар мавзеъҳои нави бехатар шароит муҳайё шуда истодааст ва бо кӯмаки ҳамаи сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо корҳои сохтмонӣ дар ҷарайён қарор дорад.
Бахши Хадамоти муӽоҷирати Вазорати меӽнат, муӽоҷират ва шуғли аҳолии дар ноҳия низ чун дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Дар-Дар дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ дар бари сокинони зарардида истода барои бартарафсозӣ ва ҳашари ташкилкардаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия саҳми худро гузошта истодаанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд