Ҳашари дастаҷамъонаи кормандони Хадамоти муҳоҷират

Бо мақсади осон гардонидани гаштугузори кормандон дар Хадамоти муҳоҷират бо иштироки васеи кормандон ҳашари умумӣ баргузор карда шуд, ки дар он ҳамаи роҳравҳои дохил ва атрофи муассиса аз барф пурра тоза гардида, барои ях набастан аз тарафи қисми хоҷагӣ ба роҳравҳо намак ва қум пошида шуд.

Мавриди зикр аст, ки дарахтони корхона барои вазнин нашудану нашикастанашон пурра аз барф сабук гардониданд.

Сарҷамъии кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират боис мешавад, ки ҳамаи корҳо дар муассиса зуд ва саривақт иҷро шаванд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо