Дар замони муосир вазифаи муҳими рушди Тоҷикистони соҳибихтиёр аз унсурҳои зерин вобастагӣ доранд: дарки амиқи манфиатҳои миллӣ ва воқеияти нави геополитикии ҷаҳони имрӯза, раҳоӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ ва молиявӣ, ҳимояи манфиатҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини инкишофи мутаносиби ҳаёти иҷтимоӣ; дар ҳолати мувозинат нигоҳ доштани инкишофи муносибатҳои мутақобилаи аксарият ва ақалияти миллӣ, дарки фаврии пайдоиши мухолифини сиёсӣ ва дар заминаи ба эътибор гирифтани манфиатҳо самаранок гардонидани фаъолияти он, ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамватанони хориҷ аз кишвар ва амсоли инҳо.
Сабаби асосии муҳимияти мавзуи мазкур ин андозанамоии сиёсати ҷаҳонӣ дар фазои геополитикии олам ба ҳисоб меравад. Бо баробари вусъат ёфтани низоми нави ҷаҳонӣ, махсусан пас аз таназзули “ҷанги сард” масъалаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун омили муҳими таъмин ва ҳифзи амният, устувории давлат ба миён омад. Имрӯз кишвареро пайдо кардан мушкил аст, ки он моноэтникӣ бошад, яъне дар он гурӯҳҳои мухталифи этникӣ, миллату халқиятҳои гуногун бо фарҳанг ва анъанаҳои ба худ хос зиндагӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз, ин мақсади аввалиндараҷаи давлатҳои ҷаҳон ба шумор рафта, ба ҳар гуна амалҳои мухолифатноки дохиливу берунии ба рушди муносибатҳои байниҳамдигарии таъсири манфидоштаи онҳо ба ҳисоб меравад. Таъмин ва ҳифзи бехатарии давлатӣ, пеш аз ҳама, ба воситаи татбиқи самарабахши мақсадҳои стратегӣ ва консепсияи амнияти миллӣ амалӣ карда мешавад, ки масоили такмили саривақтии онро ба вуҷуд меорад, зеро ҷараёни татбиқи он ба ташаккули мақоми давлат дар арсаи байналхалқӣ таъсири хоса мегузорад.
Консепсияи амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими кишвар, роҳнамои асосии мақомоти қудратӣ, низомӣ ва кулли муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, дар заминаи баҳисобгирии манфиатҳои миллӣ-давлатӣ, тадриҷан қонеъ намудани талаботҳои мухталифи аксарияти аҳолӣ мураттаб шудааст. Инчунин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавӣ дарҷ ва инъикос гардидааст, ки он ӯҳдадорӣ ва масъулияти дутарафаи байни давлат ва шаҳрвандро талаб менамояд.
Ҳокимият вазифадор аст, ки давлат, ҷомеа ва шахсро аз бесуботиву нооромӣ ва муқовимат ҳифз намуда, худ аз хавфу хатарҳо озод бошад, то ин ки устувории сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро гирифтори бӯҳрон нагардонад.
Таҳдиди дигари ба амнияти давлатӣ ва миллӣ таъсиррасонанда ин оғоз гардидани моҷароҳои ҳарбиву сарҳадӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷиҳат пешгирии моҷароҳои гуногуни иҷтимоӣ, этникӣ, муҳоҷирати барзиёд, таҳкими пояҳои ваҳдат, рушди инкишофи ҷомеа дар заминаи манфиатҳои умумӣ вазифаи муҳими Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода ба Тоҷикистон зарур аст, ки баҳри расидан ба истиқлоли комил, рушди иқтисодиёти миллӣ талош намояд.
Умарзода Алӣ,
Муовини сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират
