• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҳифзи пиряхҳо ҳифзи ҳаёт дар рӯи замин аст

Migration Service by Migration Service
30.05.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҳифзи пиряхҳо ҳифзи ҳаёт дар рӯи замин аст
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар шароити имрӯза гармшавии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо, хушк шудани чашмаву дарёчаҳои минтақаҳои аҳолинишин ва дигар пайомадҳои офатҳои табиӣ ба яке аз мушкилоти глобалӣ мубаддал гашта, ба иқтисодиёт ва ҳаёти мардуми осоиштаи дунё рӯз ба рӯз таъсири манфӣ мерасонанд.

Имрӯзҳо захираҳои об зери таъсири хатарҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус, ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди “неруи сабз” ва пойдории табиат таъсир мегузорад.

Бино ба хулосаи коршиносон, имрӯз дар олам зиёда аз 2 миллиард нафар аз норасоии об танқисӣ мекашад. Тибқи пешгӯии коршиносон, соли 2050 ин нишондиҳанда метавонад то 5 миллиард нафар, яъне тақрибан ба нисфи аҳолии сайёра баробар гардад. Айни замон, тибқи маълумоти шабакаҳои интернетӣ, дар саросари Замин ҳамарӯза аз 800 то 900 кӯдаки то 5-сола аз норасоии оби тоза мефавтад.

Дар Тоҷикистон манбаи асосии об пиряхҳо ва барфу борон ба ҳисоб мераванд.  Пиряхҳо яке аз бойигариҳои беҳамто ва манбаи оби ошомидании сарзамини Тоҷикистон мебошанд. Майдони умумии пиряхҳо 8476,2 километри мураббаъ мебошад, ки қариб 6 дарсади масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Бинобар гармшавии иқлими сайёра, давоми 30 соли охир дар Тоҷикистон 1000  пирях об шудааст. 

Муаммои тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он, бахусус обшавии босуръати пиряхҳо, аз масъалаҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро, нигарон кардааст. Оқибати ин тағйирёбӣ ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ таъсиррасон буда, аллакай, аз худ дарак дода истодааст.

Бояд зикр намуд, ки дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Сирдарё, Зарафшон, Панҷ ва ғайра) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Аҳамияти пирях бобати ба об таъмин кардани соҳаҳои гуногуни халқи мамлакат бузург аст. Қариб ҳамаи обҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд, барои нӯшидан ва истифода дар соҳаи кишоварзӣ мувофиқанд. 

Пиряхҳо, асосан, дар шимолу ғарби Помир ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландии аз 3000 метр то ба 5300 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтаанд. Дар таркиби пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шудааст.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, махсусан ҳудуди Тоҷикистон, ки яке аз манотиқи ба тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад, бинобар сабаби баланд шудани ҳарорат, кам гаштани миқдори боришот ва дигар омилҳои метеорологӣ захираи пиряхҳо коҳиш меёбад. Чуноне мутахассисон муайян кардаанд, дар ҳолати об шудани тамоми пиряхҳои олам сатҳи об дар рӯи Замин то ба 64 метр боло мебарояд. Ин на танҳо боиси зери об мондани як қисми бузурги сайёраи мо ва маҳв шудани зиндагӣ дар бисёре аз шаҳрҳову давлатҳо мегардад, балки дар тамоми гӯшаҳои дигари сайёра инсониятро бо мушкилоти гароне рӯ ба рӯ менамояд. 

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии обшавии шумораи зиёди пиряҳои ҳудуди кишварамон ҳанӯз соли 2018 Академияи миллии илмҳои ҷумҳуриро вазифадор намуда буданд, ки дар назди АМИТ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис диҳанд. Таъсисёбии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” низ яке аз пешниҳодҳои наҷибонаи Сарвари давлат дар самти ҳифз ва нигоҳдошти пиряхҳо ба шумор меравад.

Дар маҷмуъ, Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи об эътироф шудааст.

Боиси хурсандист, ки ташаббуси панҷуми кишвари мо дар соҳаи об аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ шуд. Тибқи ин қатънома, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва аз оғози соли 2025 ҳамасола 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мешавад. Умед дорем, ки ташаббуси панҷуми кишварамон дар ҳифзи пиряхҳои ҷаҳон нақши муҳим мебозад. 

Имрӯз афзоиши аҳолӣ ва дар ин замина норасоии оби нӯшокӣ, ҳамчун мамлакати кӯҳсор камзамин будани кишвар, бар замми он истифодаи оқилонаи захираҳои обии фаромарзӣ ва даҳҳо мушкилотҳои рӯзмарраи дигаре ҳастанд, ки ҳалли онҳо фаъолияти дастаҷамъонаи на танҳо сокинони кишвар ва минтақа, ҳамчунин аҳли башариятро тақазо менамояд.

Абдушаҳидов Ҳумоюн,

Сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Идомаи чорабинии судманд дар маҳаллаи Иқболи ноҳияи Ҷаббор Расулов

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.