Ҳар як қатраи обе, ки аз пиряхҳо ҷорӣ мешавад, барои зиндагии миллионҳо инсонҳо, ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ ва устувории экосистемаҳо аҳамияти бузург дорад. Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи тағйирёбии глобалии иқлим, пиряхҳо бо суръати нигаронкунанда об шуда истодаанд, ки ин раванди манфӣ на танҳо ба муҳити зист, балки ба иқтисодиёт, саломатии ҷомеа ва ояндаи башарият таъсир мерасонад.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Ин иқдом дар таърихи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқ онро қабул кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси маълумотҳои ба даст овардаи муҳаққиқон пешниҳод менамоянд, ки пиряхҳо захираи асосии оби соф ба ҳисоб меравад, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи оби баҳрҳо таъсир расонида метавонад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки бояд обро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт кунем чунки бе об, дар олами ҳастӣ ҳаёт вуҷуд надорад.
Ҳифзи пиряхҳо на танҳо вазифаи экологӣ, балки масъулияти ахлоқӣ ва иҷтимоӣ барои наслҳои имрӯз ва оянда мебошад. Азбаски пиряхҳо нишонаи возеҳи тағйирёбии иқлим мебошанд, ҳифзи онҳо маънои мубориза бурдан бар зидди ифлосшавии муҳити зист, кам кардани партовҳои карбон ва нигоҳдории мувозинати табиии сайёраро дорад. Бидуни чораҳои фаврӣ, аз даст додани пиряхҳо метавонад ба хушксолӣ, камбудии оби ошомиданӣ ва офатҳои табиии зиён оварда расонад.
Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки 93%-и онро кӯҳсор ташкил медиҳад, дорои захираи азими пиряхҳо мебошад. Дар ҳудуди мамлакат зиёда 13000 пиряхҳо мавҷуданд. Ин пиряхҳо манбаи асосии захираи оби тозаи нушокӣ ба шумор рафта, дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсоният аҳамияти аввалиндараҷаро дороанд.
Мутаассифона, тайи солҳои охир мушкилоти тағйирёбии иқлим ва гармшавии сайёра ба яке аз мушкилиҳои мубрами ҷаҳони муосир табдил ёфта, тамоми давлатҳоро ба ташвиш овардааст. Гармшавии иқлим ба обшавии пиряхҳо таҳдид намуда, то ин замон ба пурра нест шудани шумораи зиёди онҳо оварда расонидааст. Аз ҷумла, дар тӯли 50 соли охир зиёда аз 1000 пиряхи дар ҳудуди кишвари мо буда, пурра аз байн рафтаанд.
Бо назардошти ин, Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли СММ, ки дар самти масъалаҳои глобалӣ оид ба “Оби тоза” як қатор ташаббусҳоро пешниҳод ва дастгирӣ намудааст. Дар баробари ин, бо пешниҳод ва дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 ҳамчун “Соли ҳифзи пиряхҳо” дар сатҳи байналмилалӣ қабул ва эътироф гаштааст. Дар ин ҷода, саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят назаррас аст, чунки Ҷаноби Олӣ ҳамеша дар суханрониҳои худ дар минбари СММ баёнгар ва ташаббускор буда, шарикон ва инчунин дигар созмон ва иттиҳодияҳое, ки ба мушкилоти соҳаи об ва пиряхҳо сару кор доранд, ба ҳамкории судманд дар самти ҳифзи пиряҳо даъват менамояд.
3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар шакли видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. Чорабинӣ таҳти раёсати дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас сурат гирифта, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони ҳукумати як қатор кишварҳо, инчунин, коршиносони байналмилалӣ иштирок карданд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд. Таъкид гардид, ки мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодааст. Аз он ҷумла, дар Тоҷикистон обшавии пиряхҳо дар солҳои охир бошиддат мушоҳида шуда истодааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, пиряхҳо ҳамчун як ҷузъи экосистемаи мо аҳамияти бузурги экологӣ ва иқтисодиро доро буда, обшавии босуръати онҳо дар натиҷаи болоравии ҳарортаи ҳаво ба ҳаёти инсоният таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ҷумлаи чунин мушкилот метавон, зери об мондани минтақаҳои назди соҳилӣ ва ё пурра зери об мондани давлатҷазираҳои хурди дар уқёнус бударо қайд кард. Аз ин рӯ, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ниҳоят ба маврид ва саривақтӣ мебошад. Бо ҷалб намудани диққати аҳолии сайёра ба ин масъалаи фарогир ва ташкили марказҳои омӯзиши махсус бо мақсади таҳқиқи пиряхҳо ва ҳифзи онҳо аз нестшавӣ инсониятро мебояд барои ҳифзи ояндаи худ аз имрӯз талош кунад.
Олимзода Сироҷиддин,
Сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Хадамоти муҳоҷират