Зикр кардан ба маврид аст, ки саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан – Модар шоистаи таҳсин буда, сарбозони шуҷои он дар ҳифзи марзу бум ва садоқат ба савганди низомӣ аз уҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда бо сарбаландӣ мебароянд.
Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.
Дар воқеъ, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як шахси солимфикр, бообрӯ ва нангу номуси давлатамон мебошад.
Ҷавонони мо набояд фаромӯш кунанд, ки дар кадом қисми низомие, ки хизматро адо менамоянд, дӯстдори ватану сарзамини биҳиштосои худ бошанд.
Ҳар яки онҳоро таъкид месозам, ки ҳеҷ гоҳ зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, худшиносу худогоҳ бошанд.
Фирефтаи суханҳои ҳар нохалафе нашаванд.
Ҳар қазияро на сарсариву бидуни андеша, балки аз зовияи ақлу хирад ва дурандешӣ кор бигиранд.
Зеро танҳо андешаи солим, дӯст доштани ватану миллат ва дӯст доштани ҳар зарра хоки Тоҷикистони азиз ҷавонони миллатро ба манзили мақсуд мерасонад.
Дар ин замина, ёдрас менамоем, ки тибқи Нақша – чорабиниҳои муштарак дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҳудуди ноҳия бахусус деҳаҳои дурдаст аз ҷониби масъулин корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бо ҷавонони синни даъватӣ ба роҳ монда, дар мавзуъҳои мубрами рӯз суҳбатҳо гузаронида мешавад.
Илова бар ин, қайд менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб минбаъд низ нерӯи зеҳниву ташкилотчигии ҷавононро дар корҳои созандаи илмиву эҷодӣ ва роҳбарӣ сафарбар карда, ҷиҳати ба роҳ мондани таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулпазирӣ, аз худ кардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа талош хоҳад варзид.
Ба муносибати сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1-уми апрели соли 2024 дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии «Парчами миллӣ»-и ноҳияи Варзоб ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари гуруҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамроҳ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони халқ, собиқадорони Артиши миллӣ, афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Сипарони Ватан»-и ноҳия, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ноҳия, волидайни даъватшавандагон, ҷавонони фаъол ва хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Ҷамъомади идона бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Варзоб оғоз гардида, ёдоварӣ аз он карданд, ки боиси қаноатмандист, ҷавонони ноҳияи Варзоб пеш аз ҳама, дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлатамонро ба хубӣ дарк намуда, сиёсати хирадмандонаю созандаашонро эҳсос менамоянд.
Ҳаёти сарбози имрӯза аз ҳама гуна замонҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад.
Имрӯз ҷавонони мо дар қисмҳои низомии кишвар танҳо ба хотири ҳимояи марзу бум ва пойдории ваҳдату истиқлолияти давлатӣ хизмат мекунанд.
Дар ҷараёни чорабинии идона собиқадорони Артиши миллӣ, волидайн ва даъватшавандагон суханронӣ намуда, ба роҳбарияти олии кишвар барои бо шароитҳои хуби хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, навдаъватшавандагон зимни суханронӣ ба волидайн ваъда доданд, ки қарзи шаҳрвандиро адо намуда, баъди хизмати ҳарбӣ дар хоҷагии халқ баҳри шукуфоии Ватани азиз меҳнати софдилонаро идома хоҳанд дод.
Ба ифтихори чорабинии мазкур аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи бошукӯҳи идона ва рангини ҳунарӣ, ки бо ситоиши Ватан – Модар бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардид.
Дар баробари ин, аз ҷониби сарбозони қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ машқҳои ҳарбӣ намоиш дода шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба даъватшавандагон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтаанд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардид.
Дар ин раванд, қайд кардан бо маврид аст, ки аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Варзоб ба волидайни даъватшавандагон ва сокинону меҳмонон ёддоштҳо дар мавзуъҳои «Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия», «Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем», «Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)», «Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд», «Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ» ва «Ёддоштҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаи воридшавӣ ба Федератсияи Россия» ба миқдори 640 нусха дастрас гардонида шуд.
Орифҷон Олимзода,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб