Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳои номатлубанд, ки осудагӣ ва тинҷии ҷомеаи моро халалдор намуда, ба амнияти мамлакат хатар эҷод мекунанд.Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрўза ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, ҳувияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки иҷрои онҳо ба пойдории Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, аз хатари таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ эмин буда наметавонад. Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дар қаламрави кишвари мо бар асари нодонӣ, бетафовутӣ, бетаҷрибагӣ, кам огоҳӣ бесарусомониҳо сурат гирифта, ҷанги шаҳрвандӣ ва бародаркуширо ба амал овард. Дар давоми соҳибистиқлолии кишварамон амалҳои зиддитеррористие ба вуқӯъ омаданд, ки амнияти кишварро халалдор намуданд.
Ҷомеаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифз кардани амнияти миллӣ саъю талош намоем. Масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан, марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди инҳо ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди кишвар аст.
Хушбахтона, имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Дар шароити ҳозира моро зарур аст, ки масъалаи таълиму тарбияро дар ҷои аввал гузошта, имкониятҳои кишварро барои боло бурдани маънавиёти ҷавонон қарор диҳем.
Мо, хизматчиёни давлатӣ, ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намуд маҳкум менамоем. Баҳри пешгирӣ аз вабои аср тамоми қувваю маҳорати хешро баҳри тарбияи ҷавонони арзандаи миллат равона менамоем. Онҳоро ба роҳи рост, донишандӯзӣ ва аз бар намудани асосҳои донишҳои назариявӣ ва амалӣ равона месозем.
Шерализода Носиралӣ,
Мудири бахши молия ва хоҷагидорӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе