Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза, таҳдидҳо ва хатарҳое мавҷуданд, ки ба тамоми давлатҳо ва мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол низ зарур аст, ки ба ин воқеиятҳо бо чашми кушода ва дили ҳушёр назар андозем. Яке аз масъалаҳои доғи рӯз – ин мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад, ки на танҳо амнияти минтақа, балки пойдории тамоми ҷомеаи ҷаҳониро таҳдид мекунад.
Ҷавонони мо – қувваи бузурги пешрафти миллат ва пайвандгари насли навини Тоҷикистонанд. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони тоҷик бояд маърифат омӯзад, илмҳои муосирро аз бар кунад, забонҳои хориҷиро аз худ намояд ва ҳамеша ба арзишҳои волои инсонӣ ва ватандӯстӣ содиқ бошад. Ин на танҳо талаботи вақти муосир, балки ҷавоб ба даъвати таърих ва эҳтиром ба арзишҳои сулҳ ва осоиштагӣ мебошад.
Имрӯз, барои таъмин намудани амният ва суботи кишвар, муборизаи якҷояи тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон, зарур аст. Ҳушёрии мардум, муттаҳидии ҷомеа ва ҳамкории қавии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ омили муҳими таъмини амният ва пешгирии хатари таҳдидҳо ба ҳисоб меравад. Танҳо бо зиракию ҳушёрии мардум, муттаҳидии ҷомеа ва эҳсоси баланди масъулият пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта мешавад.
Дар ин замони печида, ҷавонони мо бояд на танҳо ватандӯст, балки ҳушёру зирак бошанд, то ки Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо суботу оромӣ рушд кунад ва ояндаи дурахшони худро бисозад. Бигзор ҳадафи ҳар як ҷавони ватандӯст саҳмгузорӣ дар сулҳу суботи Ватан ва таъмини зиндагии обод дар хонаи худ бошад.
Ҳар яки мо бояд ҳис кунем, ки суботу осоиштагӣ танҳо дар натиҷаи ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии мо ба даст меояд. Ҳар як фард, хоҳ омӯзгор, хоҳ коргар, хоҳ донишҷӯ – ҳама бояд ҳиссагузори оромию амнияти Ватан бошанд.
Абдушаҳидов Ҳумоюн,
Сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират