Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид карданд, ки шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ имрӯз ҳам паст нашудааст. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.

Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.

Мубориза ба муқобили терроризму экстремизм ва дар умум ҳамаи падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир дастҷамъӣ ва муттаҳидии тамоми аъзои ҷомеаро тақозо менамояд. Бо назардошти ин, дар фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва зерсохторҳои тобеи он дар шаҳру ноҳияҳо ҳам бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотию тарғиботӣ вобаста ба ин мавзӯъ мавқеи муҳим дорад.

Аз ҷумла, вобаста ба иттилоотонидани аҳли ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии падидаю ҳодисаҳои номатлуб, таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» корбарӣ рафта истодааст.

Муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи табақаҳои осебпазири аҳолӣ мебошанд, эҳтимоли дар муҳоҷират ба доми фиреб афтодан ва ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гаравиданашон афзун аст. Аз ин рӯ, волидон, наздикону пайвандон, кумитаи маҳаллаву ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ва дигар ниҳодҳои дахлдор бояд ба таври дақиқ дар куҷо ва ба чӣ кор машғул будани онҳо, суроғаи ҷои зисту фаъолият ва рақами телефони мобилиашонро донанд, дар мавридҳои зарурӣ ба тамос баромада, ҳар қадамашонро зери назорати қатъӣ гиранд ва нагузоранд, ки ба роҳи бад раванд.

Миллати сарбаланди мо хуб медонад, ки ҷангу низоъ ва мухолифати мусаллаҳона даҳшату харобӣ, қатлу куштори афроди бегуноҳ, қашшоқию камбағалӣ, бадбахтию бадрӯзӣ, касодии иқтисодӣ ва шикасти қонунияти низоми давлатдорӣ мебошад. Захмҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта то ҳол шифои комил наёфтаанд ва мардум он рӯзҳои сиёҳро ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Вале душманону бадхоҳони миллату давлат то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразнок ва нақшаҳои нопоки худ даст накашидаанд ва хавфи ба доми фиреби онҳо гирифтор шудани шахсони дар ақидаашон ноустувору зудбовар, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ мавҷуд аст.

Дар чунин муҳиту вазъият, тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, ташаббускор бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои роҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем.

Камолзода С.О,
сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо